Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

кунад. Шаби чоршанбе ба панҷшанбеи 24 ҷавзо мардуми зиёде атрофи хонаи Аҳмад Зоҳирро дар чорраҳаи Ансории Кобул печонда буданд. Садои гиряву нола на танҳо аз дохили ҳавлии Аҳмад Зоҳир ба гӯш мерасид, балки дар кӯчаву растаҳои Кобул низ мардум марги Аҳмад Зоҳирро нола мекарданд. Ман бо садҳо нафар шоҳидони ҷанозаи Аҳмад Зоҳир дар бораи ҷузъиёти ин маросим сӯҳбат кардам. Қариб ҳамаи онҳо таъкид мекарданд, ки маросими ҷанозаи Аҳмад Зоҳир ба куллӣ аз маросимҳои дафни дигар шахсони шинохтаи Афғонистон фарқ мекард. Профессор Худойназар Асозода, дар китобаш "Чеҳраҳо" ин манзараро чунин тасвир мекунад: "Ҷасади марҳум дохили мошини зебои хориҷӣ қарор дошт, ки он ба тикаҳои ранга оро ёфта буд. Мошин аз қасри шоҳӣ гузашта, ба ҷониби майдони Паштунистон ва он тарафтар сӯи масҷиди зеботарину калонтарини шаҳри Кобул - Пули хиштӣ равона буд. Дар тӯли ду-се километр ду тарафи роҳро ҷавонон бо дастҳои занҷиршакл, ҷасади Аҳмад Зоҳирро раҳнамой мекарданд. Банда низ дар ин маърака иштирок доштам ва мушоҳида мекардам, ки ҷавонон бо эҳсосот омада буданд ва ҳеҷ хел суханро қабул надоштанд. Дар ин маърака органҳои ҳифзи қонун ширкат надоштанд. Шояд ҳукумати Амин хуб дарк карда буд, ки ин фоҷиаи миллат аст ва ба эҳсоси мухлисони чандмиллионии Аҳмад Зоҳир бозӣ кардан лозим нест. Ба ҳамин тартиб, дарӯи одамон овозхони ҷигаргӯшаашонро то қабристони "Шуҳадои Солеҳин", ки наздики Боло Ҳисор қарор дорад, гуселониданд".

ҚабЛ аз он, ки ҷасади ӯро ба қабристони "Шуҳадои Солеҳин" бубаранд, садҳо ҳазор нафар ҳаводоронаш ҷанозаи ӯро дар масҷиди Пули Хиштӣ хонданд. Ба қавли Сафиуллоҳи

пешина
аз 338
навбатӣ