Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

овозхони мардуми Афғонистон аз оғози даврони пуртаҳлукае дар таърихи Афғонистон гувоҳӣ медод. Аҳмад Наими Пупал яке аз пайравони Аҳмад Зоҳир, овозхони хеле хушсалика ба нишонаи эътироз ба куштори бараҳмонай дӯст ва устодаш Афғонистонро аввалин шуда аз байни ҳунармандон тарк гуфт. "Дар кишваре, ки бузургтарин ва дӯстдоштатарин ҳунарманди мардумашро ба қатл мерасонанд ва онро натиҷаи як садамаи автомобилӣ эълон мекунанд, ҷойгоҳи шоистае дар оянда барои ҳунармандони оддияш нахоҳад дошт". Тарки диёр кардани Аҳмад Наим ва ҳунармандони дигар мантиқан ҳамин маъноро дошт.

БАРОЯМ ГИРЯ КУН ИМШАБ,
КИ ТАНҲО ИМШАБАМ БО ТУ

Фахрия он рӯз ба сабаби дарди таваллуди фарзанд ва рӯзҳои дигар ба сабабҳои маълум - марги шавҳараш натавонист кассетаи шаби пеш аз марг тӯҳфакардаи Аҳмад Зоҳирро гӯш кунад. Рӯзҳо мегузаштанду ӯ ин корро намекард. Зеро намехост бовар кунад, ки Аҳмад Зоҳири зебояш дунёву ӯро барои ҳамеша падруд гуфтааст. Вале чӣ кунад, ки ин ҳақиқат буд, ҳақиқати талх. Ва рӯзе кассетаро ба магнитофон гузошту онро чолон кард: Садои ширину гуворое баланд шуд. Баробари садои Аҳмад Зоҳир ашк аз чашмони ӯ ҳамчу боронҳо равон гардид. Аҳмад Зоҳир суруди навакак сабт намудаашро мехонд:

Бароям гиря кун имшаб, ки танҳо имшабам бо ту,
Бароям гиря кун фардо ба ҷуз ёде нахоҳад буд.
Ба рӯям бӯса зан имшаб, ки танҳо имшабам бо ту,
Ба ҷуз аз имшабам ин ҷо шаби дигар нахоҳам буд.

пешина
аз 338
навбатӣ