Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

дар кишвари мо доман зад, Аҳмад Зоҳир дар ҷамъи ҳазорон фарзандони ин Ватан аз ҷумлаи қурбониёни нобаҳангом гашт ва ба умри 33-солагӣ бар асари як тавтеаи номардона дар дараи Соланг ба шаҳодат расид. Алоқамандони ҳунари волояш дар соли 1382 ба тармими дубораи оромгоҳи ӯ ёрои ҳиммат гумоштанд.
Рӯҳат шод ва осуда бод".

Ба маврид мебуд агар дар ин ҷо мо аз он порчаҳои назмие, ки рӯи санги мазори гӯри Аҳмад Зоҳир қабл аз ҷониби гурӯҳи толибон хароб шуданаш ҳаккокӣ шуда буданд, ёдовар шавем. Мо онҳоро аз гуфтаҳои мухлисони Аҳмад Зоҳир ва мақолаҳои муаллифоне, ки дар бораи ӯ навиштаанд, гирд овардаем:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Худо бувад ёрет,
Қуръон нигахдорет,
Сахӣ мададгорет.
Аҳмад Зоҳир.
Таваллуд 24 ҷавзои 1325 ҳ. ш.
Вафот 24 ҷавзои 1358 ҳ. ш.

XXX

Ҳаргиз касе ба рӯзи ман нотавон мабод,
Монанди ман фусурдадиле дар ҷаҳон мабод.
Ҳар кас, ки нолаҳои диламро шунид, гуфт:
Мурғе шикастаболу ҷудо з - ошён мабод.

XXX

Шодӣ кунед, эй дӯстон, ман шодаму осудаам,
Бӯи ҷавонӣ бишнавед аз пайкари фарсудаам.

XXX

пешина
аз 338
навбатӣ