Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Афғонистон бо роҳбарии корманди радиои "Озодӣ" Раззоқи Момун аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ ба тармиму ободкунии оромгоҳи Аҳмад Зоҳир пардохтанд. Дар ин кор бо Раззоқи Момун Сафия Ҳассос, Шукуфа Анварӣ, Ромин Анварӣ, Брешно Назарӣ, Аҳмади Беҳзод, Фаришта Ҷалолӣ, Ҳамида Усмон ва дигар кормандони ин радио, ки алоқаманди овози гирои ин абармарди олами мусиқӣ ҳастанд, ҳамдастӣ намуданд.
Агарчанде, ки оромгоҳи Аҳмад Зоҳирро соли 2004 то андозае дар шакли қаблиаш шабеҳ ба мақбараи шоири бузурги Эрон Раҳии Муъаййирӣ барқарор карда бошанд ҳам, вале дигар на ҳамаи катибаҳои пештараро барои санги гӯраш ҳаккокӣ карданд. Вақте сабаб пурсидам бархе аз дӯстони Аҳмад Зоҳир гуфтанд, ки муттаасифона, матни пурраи катибаҳоро дар даст надоштем ва бинобар ин матни дигареро ҳаккокӣ намудем. Дар ин навишта дар тафовут аз катибаи қаблӣ аз ба шаҳодат расидани Аҳмад Зоҳир ошкоро ёд шудааст. Матни катибаи санги гӯри Аҳмад Зоҳир баъди барқароршавӣ чунин аст:
"Ҷовидонёд Аҳмад Зоҳир овозхони номаввали Афғонистон дар ин макон хобидааст. Вай дар 24 ҷавзои соли 1325 ҳиҷрии хуршедӣ чашм ба гетӣ кушод. 15 сол дошт, ки ба олами мусиқӣ қадам гузошт ва дар соли 1343 нахустин оҳанги худро дар ҷамъи шогирдони литсеи Ҳабибия иҷро кард. Вай баъд аз фароғат аз мактаб дар Ҳиндустон ба шеваҳои муосири мусиқии шарқӣ ошноӣ пайдо кард. Аҳмад Зоҳир нахустин омотуре (ҳаваскор С.Ҳ.) буд, ки ишқу фалсафаи ирфониро ба мусиқии Афғонистон даромехт ва ҷойгоҳе шоистаеро дар шеъру фарҳанги ҷомеаи мо ба худ касб кард. Ҳангоме, ки тоуни ваҳшат ва бедодгарӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё