Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

дидем, ҳукуматҳои баъдӣ асосан бо мушкилоти дар сари қудрати мондан рӯ ба рӯ буданд ва ба гӯшаи хотири онҳо ва мақомоти амниятии онҳо тафтишоти куштори Аҳмад Зоҳир ҳам намеомад. Дар замони ҳукумати Толибон бошад, ин гурӯҳ ҳатто мақбараи ӯро хароб карданд. Шояд ҳукумати феълӣ, яъне ҳукумати Ҳомид Карзай ба ин кор ҷиддӣ машғул шавад? Ба ҳар ҳол нишонаҳое аз фаъолияти ин ҳукумат моро умедвор месозанд, ки дар оянда шояд ин ҳукумат ба торикиҳои муаммои марги Аҳмад Зоҳир рӯшанӣ бияндозад. Шаҳноз дар Олмон ва Шакило дар Пешовари Покистон ба сар мебаранд. Мегӯянд, онҳо ки тез-тез ҷои истиқомати хешро иваз мекунанд. Касе аз мақомоти тафтишотии Афғонистон то лаҳзаи навиштани ин сатрҳо онҳоро ташвиш надодааст. Онҳо аз шиддат гирифтани нафрати атрофиён нисбати худ дар талвоса меафтодаанд. Атрофиён чун огоҳ мешаванд, ки онҳо дар куштани Аҳмад Зоҳир даст доранд нафрати худро нисбаташон пинҳон намедоштаанд...

Дар ҳоли ҳозир бошад мо дар асоси иттилооти мавҷуда фарзияҳоеро рӯи коғаз меорем, ки барои чӣ Орифи "Ҷиду" даст ба қатли инсоне зад, ки 33 сол баъди сипарӣ шудан аз маргаш ҳам дар ҷаҳони форсигӯён ӯро аз ёд набурдаанд.

Аввалан бояд бигӯем, ки Орифи "Ҷиду" феълан дар куҷо ҳаст ва оё дар қайди ҳаёт ҳаст ё не, ба касе аниқ маълум нест. Дуввум Маҳбубуллоҳ, додарарӯси бародари Аҳмад Зоҳир ҳарчанд ба Кобул баргашта бошад ҳам, вале феълан мӯҳри хомӯшӣ бар лаб задааст. Ӯ намехоҳад бо касе дар робита бо қатли Аҳмад Зоҳир сӯҳбат дошта бошад.

Вале фарзияҳо дар бораи қатли Аҳмад Зоҳир хеле гуногунанд.

пешина
аз 338
навбатӣ