Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Фарзияи аз ҳама бештар маъмул ин қасосгирии хоҳари Холида, зани дуввуми Аҳмад Зоҳир мебошад. Хоҳари Холида, ки зани Саид Довуд Талун — яке аз қумандонҳои амниятии Таракӣ будааст, дар назди Саид Довуд Талун шарт мегузорад, ки агар ӯ бихоҳад, ки дар оянда бо ӯ бимонад, бояд Аҳмад Зоҳирро аз байн бубарад. Хоҳари Холида то ба охир мӯътақид будааст, ки аппаашро Аҳмад Зоҳир худ ва ё бо фармони ӯ кушта будаанд. Ва Талун гӯё нақшаи сӯиқасдро мекашад ва Аҳмад Зоҳирро бо супориши ӯ аз байн мебаранд.
Фарзияи дуввум ин аз ҷониби Амин ва домодаш Асадуллоҳ ба вуқӯъ пайвастани қатли Аҳмад Зоҳир мебошанд. Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки бегуноҳии Аҳмад Зоҳир дар марги Холида исбот шуда бошад ҳам, вале ӯро борҳо ба истилоҳ барои «такмили ин парванда» ба зиндон мекашанд. Дар асл сабаби ин ба зиндонкашиданҳо дигар будааст. Барои мисол Аҳмад Зоҳирро тахминан моҳҳои феврали соли 1979 гӯё барои дар куштори Холида пайдо шудани далелҳои нав боз аз сари нав ба зиндони Деҳмазанг мекашанд. Вале дар асл ба гуфтаи журналисти афғонӣ оғои Бино — писари Миракбархони Чиндовулӣ Аҳмад Зоҳирро барои дар як маҳфил хондани суруди «Бишканад дасте, ки дилҳои заифон бишканад», бар матни шоир Боқӣ Нобино, ба зиндон меандозанд. Дар ин тарона гӯё ҳукуматдорон ба зери тозиёнаи танқид гирифта шуда будаанд. Як байти он суруд дар ёди оғои Бино мондааст:
Пунбаро ҳар духтаре зери лагад хоҳад шикаст,
Дорад он по қадр к-он хори магелон бишканад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё