Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

фаромӯш нашавад. Чунончи, яке аз ҳунармандони синамои Афғонистон, ки бо Болливуд ҳам ҳамкорӣҳо дошт, шодравон оқои Ҳашматхон дар Покистон дар асоси якчанд суруди Аҳмад Зоҳир бо иштироки гурӯҳи раққосаҳо видеофилме таҳия намудааст. Ҳашматхон дар ҳавои фонограммаи сурудҳои Аҳмад Зоҳир ҳар як таронаи ӯро ба истилоҳи имрӯза "видеоклип" намуда, дар он худ нақши ӯро бозидааст. Чизе, ки дар ин кори хайри Ҳашматхон баҳсбарангез аст, ин ворид кардани тағйиротҳо ба оҳангҳои таронаҳои Аҳмад Зоҳир, яъне "оранжировка"-и иловагӣ мебошад. Ба назар мерасад, ки ин кор ба хотири "рақсӣ" кунондани таронаҳо иҷро шудааст. Ба ҳар ҳол дар таҷрибаи мусиқии ҷаҳонӣ ин навъ муносибат ба таронаҳои ситораҳои осмони ҳунари овозхонӣ мушоҳида мешавад ва онро "ремикс" мегӯянд. Вале дар мисоли мо Ҳашматхон то кадом ҳад дар ин кор комёб шудааст, фикр мекунам, мутахассисини ин соҳа дар оянда баҳои сазовор хоҳанд дод. Ба ҳар ҳол дар умум Ҳашматхон кори савоберо анҷом додааст.

ТАНИДА ЁДИ ТУ ДАР ТОРУ ПУДАМ
МЕҲАН, ЭЙ МЕҲАН

Моҳи июни соли 2002 дар Кобул Луи Ҷиргаи изтирорӣ даъват карда шуд. Аз тамоми кунҷу акнофи Афғонистон ба он вакилон даъват шуда буданд. Мардуми заҳматкаши афғонро дар ин айём рӯҳияи баланди сиёсӣ фаро гирифта буд. Бори аввал дар бист соли ахир намояндагони ақшори мухталифи ҷомеаи азияткашидаи Афғонистон дар як хаймаи мӯҳташаме даври ҳам омада, масоили дохилии кишвари худро бо роҳи мусолиҳатомез дар вазъи ором ҳаллу

пешина
аз 338
навбатӣ