Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
фасл мекарданд. Радиои кишвар аз субҳ то шом барномаҳоеро пахш менамуд, ки мардумро ба ваҳдату ягонагӣ, дӯстиву ҳамбастагӣ даъват мекарданд. Ман мушоҳида кардам, ки ҳамон шабу рӯз аз ҳама бештар сурудҳои Аҳмад Зоҳирро аз тариқи радио пахш мекарданд. Махсусан сурудҳои "Танида ёди ту дар тору пудам, меҳан, эй меҳан" ва "Ай ҳамватан, ай нерӯи боландаи ҷовид" ҳатто дар тӯли як рӯз борҳо такрор ба такрор шунавонида мешуданд.
Вале бо вуҷуди ин боз ҳам эҳсос мешуд, ки ба эҷодиёт ва шахсияти Аҳмад Зоҳир дар Афғонистони навин ҳам ҳанӯз ба таври бояду шояд аҳамият дода намешавад. Масалан, рӯзи 14 - июн ё худ 23 - уми ҷавзо рӯзи таваллуд ва ҳамзамон рӯзи ба шаҳодат расидани Аҳмад Зоҳир буд. Аз он ки сурудҳояро дар радиоҳо истифода мекарданд, мантиқан дуруст мебуд, ки дар ин рӯз дар маҳфиле ё ақаллан дар нишасти ҳунармандон ёде аз ӯ мекарданд. Вале мутаассифона, ин кор сурат нагирифт. Ҳатто касе аз масъулин сари қабраш қадам ранҷа накард ва дастагулеро ҳам болои оромгоҳи вайронааш нагузошт. Дар он шабу рӯз дар Кобул беш аз 100 нашрияи ҳаррӯзаву ҳафтаномаи хусусиву давлатӣ интишор мегардид. Мутаассифона, танҳо дар ҳафтаномаи "Кобул" ва рӯзномаи "Анис" дар бораи рӯзи мавлуд ва марги Аҳмад Зоҳир мақолаҳое дарҷ гардиданду халос. Вақте, ки сабаби чунин бетаваҷҷӯҳиро аз баъзе кормандони фарҳангии ин кишвари ба мо дӯст пурсон мешудам, ҷавоб ҳамин буд, ки "ҳама имрӯз ба маъракаи хеле муҳимтар, ташкилу баргузории Луи Ҷиргаи изтирорӣ машғуланд. Бинобар ин ин масъала то андозае дар гӯшаи фаромӯшӣ мондааст. Худо хоҳад, дар оянда ба ин масъала низ бармегардем".

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё