Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

сиёсатбозиҳои давр медонистанд. Аммо буданд онҳое низ, ки мухолифи ин ақида буданд. Масалан Олим Хоҷамуродов, профессори кафедраи филологияи эронии ДДМТ, доктори илмҳои филология дар мақолаи худ таҳти унвони "Ӯ қурбонии сиёсатбозиҳо набуд" ("Ҷумҳурият", 31.07.03.) ин нуқтаи назарро рад карда, муаллифи силсиланавиштаҳоро барои ибрози чунин фикр мавриди танқиду мазаммат қарор медиҳанд. Гузашта аз ин муаллифи силсиланавиштаҳоро ба он муттаҳам карданӣ шудаанд, ки "ӯ гӯё сохти сотсиалистӣ, ҳукумати вақт ва кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ (КАД ИШ)"-ро дар марги Аҳмад Зоҳир муқассир донистааст. Албатта чунин нуқтаи назар дар силсиланавиштаҳо вуҷуд надошт. Ва он чиро олими мӯҳтарам ба гардани муаллиф бор карданӣ шудаанд, сирф хулосабарориҳои мантиқии он кас мебошанд.
Ба назари ман дар ин баҳс муҳим онаст, ки бо "ибтикори"
профессори мӯҳтарам фарзияи дигаре оиди сӯиқасдчиёни эҳтимолии Аҳмад Зоҳир арзӣ вуҷуд кард. Зимнан бояд бигӯем, ки дар бораи дар қатли Аҳмад Зоҳир даст доштани собиқ мақомоти амниятии шӯравӣ чи ҳини омодагиҳо барои навиштани он мақола, чи вақти чопи он ва чи баъди нашри он аз манбаъҳои гуногун маълумотҳо мерасиданд. Чунончи, журналисти шинохта Мухтор Боқизода ҳикоя кард, ки "соли 1993 дар Новосибирск ӯ бо собиқ генерали шӯравӣ оиди ҷанги Афғонистон сӯҳбате доштааст.
Он генерал иқрор кардааст, ки куштори Аҳмад Зоҳир кори дасти мақомоти амниятии шӯравӣ будааст. Қатли овозхони машҳур ва маҳбуби миллат барои он сурат гирифта будааст, ки вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар ин кишвар муташанниҷ шуда барои ворид кардани қувваҳои низомии ИШ

пешина
аз 338
навбатӣ