Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
ба ин давлати ҳамсоя шароити мусоид фароҳам оварда шавад".
Вале банда дар мақолаам он вақт аз овардани ин гуфтаҳои журналисти варзидаи тоҷик худдорӣ карда будам. "Фарзияи" профессори мӯҳтарам Олим Хоҷамуродов гуфтаҳои журналист Мухтор Боқизодаро ба ёди мо овард.
Дар мавриди сабабҳои марги Аҳмад Зоҳир апааш Зоҳира, ки зани хеле оқила буда ороишгари саршиностарин чеҳраҳои сиёсати Амрико ва Урупо, аз ҷумла Маргарет Тетчер, Роналд Рейган, Ҷорҷ Буши калонӣ, Беккер низ будааст ва ҳоло бознишаста шуда ба ҷамъоварӣ ва расондани кӯмакҳои башардӯстона ба мактабҳои Афғонистон машғул аст, ба журналисти тоҷик Муҳиддини Олимпур чунин гуфтааст:
"Аҳмад Зоҳир далели маргуш шояд бисёр осон нест, ки одам бигӯяд, ки чӣ буд. Як қисматуш сиёсӣ буд. Як қисматуш дигар сабабҳо. Аҳмад Зоҳира шумо порчаҳои охирша ташвиқ барои муҷодила ва ҳам ташвиқ барои роҳи Худо бубинед. Пайдои Аҳмад Зоҳир баъди истеъмори рус зиёд пайдои ватанхоҳӣ ва пайдои динӣ буда. Аҳмад Зоҳир аҷибу ғариб ба Худованд эътиқод дошт. Аҳмад Зоҳир як мусулмонии фавқулодда хуб буд. Аҳмад Зоҳир ба қудрати Худованд ва вуҷуди Худованд як ақидаи ғарибу аҷиб дошт".
Аз ин рӯ бо дарназардошти ин далелҳо тахмин задан мумкин аст, ки куштори Аҳмад Зоҳир ангезаҳои сиёсӣ низ дошт. Онро ҳукуматдорони вақти афғон аз рӯи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда амалӣ сохтанд.
Барои мо марги Аҳмад Зоҳир марги як ҳунарманди қатории Афғонистон набуд. Марги ӯ марги як ҷаҳони нотакрори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё