Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Розӣ мешавад, ки Раҳимиро бибарад. Онҳо ба вагон даромаданд. Якчанд нафар ӯро шинохта, аз Раҳимӣ мепурсанд, ки чаро Бухоро меравад?
Кондуктор (роҳбалад) гуфт:
-Модоме ки туро он ҷо баъзе касон мешинохта бошанд, маслиҳат нест, ки дар Бухоро зиндагӣ кунӣ. Он ҷо ҳам мумкин аст, ки туро ҳабс кунанд.
Беҳтар ин, ки ман туро ба Маскав бибарам ва арзу додатро шунаванд. Раҳимӣ ба ин гап розӣ шуда, ба Маскав меравад.
Дар истгоҳҳои калони роҳи оҳан, ки қатора меистад, қатора бисёр меистад ва билетбинҳо барои тафтиши билетҳо медароянд, ӯ Раҳимиро дар ангиштхонаи вагон ҷо мекард, то ин ки пинҳон шавад. Раҳимӣ ҳам фақат як қабат либоси тобистонӣ дошт, ки онҳо аз кор баромаданд, дигар чизе набуд, ки пӯшад. Чун ба Маскав расиданд, бо ин ҳол, бо ҳамин доғу сиёҳиҳо Раҳимӣ рост ба Иттифоқи нависандагони СССР рафт ба назди дӯстеяш рафт, ки нисбат ба ӯ меҳрубонӣ дорад, ба кабинети Фадеев рафт. Фадеев дар кабинеташ будааст, ӯро қабул кард ва ба ин ҳол дида, хеле хандид. Раҳимӣ воқеаро ҳикоя кард. Пас аз чанде суҳбат як шахсеро ҳамроҳаш намуда фармуд:
-Барояш хуб харидорӣ бикунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё