Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Харид ҳам карданд. Фадеев ӯро бурдааст ба дачаи худ, яъне ба Бедилкино. Раҳимиро ба дача оварда, гуфтааст:
-Минбаъд ту акнун ҳамин ҷо зиндагӣ мекунӣ, дар яхдон ҳама хӯрок ҳаст, китоби хонданӣ чӣ қадар хоҳӣ, ҳаст.
Баъди чанде ба Раҳимӣ гуфт, ки:
-Тамом, туро аз пинҳонӣ берун мекунем. Ба Кумитаи Марказӣ рафта, масъаларо фаҳмондам. Он ҷо қарор доданд, ки имрӯз калонҳои Тоҷикистон туро бо худ бибаранд, дар вагони ҳукуматӣ. Зуд боратро ғундор.
Раҳимӣ раиси “Литфонд”-и Тоҷикистон, бунёди адабии Тоҷикистон шуд. Корҳои бузурге ҳам кард. Як бинои истиқоматӣ барои нависандагон сохт. Ин бино ҳанӯз ҳам ҳаст. Алъон ин кӯча, кӯчаи Бохтар ном дорад. Ин бинои истиқоматӣ, ки Раҳимӣ барои нависандагон сохт, 8-10 квартира дошт.
Банда бо Раҳимӣ аз ҷавонӣ шинос шуда будам. Он солҳои донишҷӯӣ, ки дар идораи рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” кор мекардам, Раҳимӣ ҳам дар ин идора кор мекарданд. Ин яъне соли 1942. Он ҷо ҳар замон якдигарро медидем.
Андак суҳбат, гуфтугӯе ҳам мешуд. Ман он вақтҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё