Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Барои фарҳанги тоҷикӣ-русӣ Муҳаммадҷон
Раҳимиро вобаста намуданд
Банда медонам, ки Абдусалом Деҳотӣ барои фарҳанг бисёр меҳнат кард. Тамоми матни онро дубора таълиф намуд, дубора навишт. Ман бо чашми худ дида будам, ки дастнависро чӣ гуна хонд, чӣ гуна таҳрир кард. Ҳатто чанд вақт Деҳотӣ ба Маскав рафта, зиндагӣ кард, то ин, ки аз ташвишҳои Душанбе дуртар бошад ва фақат бо Ершов ҳардуяшон сари ин кор нишаста, заҳмат мекашиданд.
Ин гуна кор ба сари Муҳаммадҷон Раҳимӣ ҳам омада буд, чун он вақтҳое, ки ин луғати тоҷикӣ-русиро тартиб дода буданд, Институти забон, адабиёт ва таърих ном муассисае дар Тоҷикистон вуҷуд дошт, аммо ин институт ҳанӯз пойдевори мустаҳкам надошт. Ҳанӯз осори адабии гузаштагон ва муосирон ба қайд гирифта нашуда буд. Яъне, барои ба вуҷуд овардани фарҳанг асос вуҷуд надошт. Бинобар ин он тартибдиҳандагони фарҳанги тоҷикӣ-русӣ, як фарҳангча тартиб додаанд. Раҳимӣ ҳангоми таҳрир калимаҳои зиёдеро аз он чи худ медонист, ба луғат дохил кард.
Калимаҳои зиёд, ибораҳои зиёд, хеле зиёдро ҷамъоварӣ карда буд. Аз фарҳанги русӣ-тоҷикии Деҳотӣ камӣ надошт. Ҳамин қадар калимае, ки ӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё