Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Бале, натавонистем. Натавонистем, ки бигӯем зӯрамон нарасид, лекин дар шумораи оянда ҳатман чоп хоҳад шуд. Банда шумораи ояндаро дидам, ки ҳақиқатан ҳамон тарзе, ки ман мақоларо дода будам, аз чоп баромада буд. Бисёр хурсанд шудам.

Ин мақолаи ман моҳи ноябри соли 1988 дар рӯзномаи “Литературная газета” аз чоп баромад бо номи “Кто беспомощен в собственном языке”, “Ҳар к-ӯ ба забони хештан дармонад”. Ин мақола мақолаи сол шуд, ҷоиза ҳам гирифт. Хабари ҷоиза гирифтанаш дар шумораи якуми соли 1989 дар худи ҳамон “Литературная газета” эълон шудааст.
Пас аз ин, ки мақолаи ман аз чоп баромад, аз ҳар ҷо номаҳо мегирифтам. Муаллифон маро табрик кардаанд, ки чунин мақолае навиштаӣ. Мақоларо мақолаи ҷасурона ҳисобидаанд, ки ҷуръаткорона навишта шудааст ва аз забони худашон, аз ҷумҳуриҳои худашон, аз забони миллии ҷумҳуриҳои дигар ҳикоя мекарданд, ки низ мақола навиштан лозим аст ва муҳокима кардан лозим аст.
Фақат як нафар эрод гирифта буд. Як нафар аз хонандаҳои шаҳри Маскав навишта буд, ки дар сарлавҳаи мақолаи ту ғалат ҳаст. “Кто бессилен в собственном языке”-“собственном” не, балки “своём языке” гуфтан даркор буд. Ман ба ӯ навиштам, ки:

пешина
аз 117
навбатӣ