Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

-Ташаккур барои ин маслиҳат, лекин ман ин қадар нозукии ин масъалаи забони шуморо намедонистам. Мутаассифона, кормандони рӯзнома ҳам ба ин тарафи масъала аҳаммияти даркорӣ надодаанд, лекин ман минбаъд ислоҳ мекунам ва ҳоказо. Ана ҳамин. Дигар эрод набуд. Аҷабам аз ин буд, ки номаҳое, ки ман мегирифтам, аз ҳама республикаҳо, аз ҷумҳуриҳои гуногун меомаданд.
Фақат аз Тоҷикистон наомад.
Лекин Тоҷикистон ба он муборизаи бузург, муборизаи роҳи забони миллӣ далерона дохил шуд.
Пештар аз дигар баъзе ҷумҳуриҳо, баъдтар аз ҷумҳурии Эстония, вале хеле пештар аз ҳама ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ба по хест ва барои забони тоҷикӣ-форсии худ муборизаро сар кард.
Ин мубориза ин тавр шурӯъ шуд, ки моҳи
ноябри соли 1988 Институти забон ва адабиёти ба
номи Рӯдакӣ як конференсияи калон дар бораи
вазъи забони имрӯз барпо кард. Дар ин конфронс
муаллимони пешқадами ҳама ноҳияҳои
Тоҷикистонро даъват карда буданд. Муаллимҳо ҳар
кас, ки даъватномаро гирифтанд, зуд бо шавқу
завқи тамом омаданд, ҷамъ шуданд. Дар толори
Академияи илмҳои Тоҷикистон маҷлис барпо
карданд. Муаллифи маърӯзаи якуми ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё