Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

худамонро, ки соли 1989 қабул шуда буд, гирифта хуб омӯхт. Принсипҳои асосии онро барои худ муайян кард. Соли 1989 мо ҳама лоиҳаҳои Қонуни забон, ки дар кишварҳои ҳамсоя буд, онҳоро гирифта дида будем.
Соли 2009 низ ҳамин корро анҷом додем.
Қонунҳои нави онҳоро дидем, ки дӯстони мо чӣ гуна кор кардаанд? Дар таҳрири дуюму сеюм чӣ кардаанд? Аз чӣ иборат аст? Чӣ кор кардаанд? Чӣ чизҳо илова кардан лозим шудааст? Ҳатто як имкон пайдо шуда буд, ки баъзе чизҳо дар Полша ҳаст, дар Чехия ҳаст, бояд хабардор шавем, андак варақ занем ва ҳоказо. Ҳамин хел таҷрибаи баъзе кишварҳои дигарро ҳам ба назар гирифта кор кардем. Як матни асосии мо бояд ин бошад, ки дар дуюмин Қонуни забон, забони тоҷикӣ ва он дузабонӣ, ки дар якумин Қонуни забон, ки соли 1989 қабул гашта буд, такрор нашавад. Дар соли 1989 шароит, вазъият чунон буд, ки мо зарур донистем, ки расман фақат забони тоҷикӣ забони давлатӣ шавад ва ҳамроҳаш забони русӣ низ дар давлатдорӣ бошад. Барои он ки охири умри Имперотурии Шӯравӣ буд ва барои мо амал кардан ва ҳарф задан ба забони русӣ лозим буд. Баъд дар он вақт ҳоло забони тоҷикӣ чандон таҷрибаи иҷтимоӣ, фаъолияти иҷтимоӣ дар ҷомеа надошт.
Нав, акнун забони давлатӣ шуда истода буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё