Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Бинобар ин лозим буд, ки дар паҳлуяш забони русӣ бошад ва ҳоказо. Инро мутахассисҳои мо ҳоло муайян хоҳанд кард. Моҳиятан якумин қонуни забони мо дузабониро раво дид. Зоҳиран гуфта нашудааст, лекин моҳиятан дузабонӣ буд. Аммо дар соли 2009, дар дувумин Қонуни забон бояд коре мекардем, ки акнун танҳо забони тоҷикӣ ҳукмронӣ кунад, ҳокимияти мутлақ дошта бошад, амали мукаммал бошад ва фақат ҳамин гуна амал, амали мукаммал, арзишманд метавонад тараққии забонро кафолат бидиҳад. Ҳама рафиқони мо, ки дар гурӯҳи кор буданд, ин аслро қабул карданд.
Ман дидам, ки ҳама ҳамин аслро мехоҳанд. Дар ин бист соли амали якумин Қонуни забон маълум шуд, ки имрӯз бояд чӣ кор кунем ва ин аслро ҳама қабул карданд. Кӯшиш кардем, ки то ҳадди имкон ин қоидаро сахт риоят кунем. Вақте ки корамон ба охир расид, матни пешнависи Қонуни забонро ба вазоратҳо фиристоданд, розигии онҳоро гирифтанд ва ба Ҳукумат доданд. Аввал матн ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Раиси Ҷумҳур омад. Он ҷо кормандон онро бисёр таҳрир карданд, беибо қалам задан гирифтанд. Баъд бароварданд ба муҳокимаи аъзои Дастгоҳи Раиси Ҷумҳур, бо раисии вазирону калоншавандагони дастгоҳ.
Дидам, ки аз он асл дузабониро дар ҷомеа
нигоҳ доштан мехоҳанд. Ҳама моддаҳо якпаҳлу, як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё