Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

то дувум Қонуни забон вазъи забони мо бадтар шудааст. Дар бораи забони тоҷикӣ-форсӣ, ки дар ҳама моддаҳои қонун дарҷ гаштааст, бо амал кардан дубора ҷон гирифтанаш даркор, ки худаш амал намояду дар ҳама гӯшаву канори ҷомеа амал кунад, алоҳида бояд сухан ронд. Ин мавзӯи алоҳида аст. Забони моро фардову пасфардо чӣ тур метавонанд аз вартаи нестӣ наҷот диҳанд? Роҳашро алъон муайян кардан даркор. Роҳи дурусташро бояд пайдо кард, то нақши мусбат гузорад дар ҷараёни таҷдиди забони тоҷикӣ. Мақола навиштан лозим аст, савод лозим аст.
Ҳикоятҳое аз даврони донишҷӯӣ 1-Охирҳои соли 1944 ва аввалҳои соли 1945 банда дар охирин курси Институти педагогии Душанбе, ҳозира Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе таҳсил мекардам. Ин муддат мо дигар дарс надоштем, дарсҳо тамом шуда буд. Акнун ба мо озодӣ доданд, ки мустақилона барои имтиҳонҳои давлатӣ тайёрӣ бинем. Фақат чанд “лексияи обзорӣ” ном дарсе ба мо мегузаштанд.
Яке аз ин дарсҳо, дарси устоди арҷманди ман Носирҷон Маъсумӣ дар мавзӯи “Феъл” буд.
Домулло Маъсумӣ ба мо дар мавзӯи “Феъл” як асари муҳимми илмии таҳқиқӣ, ки он вақтҳо камназир буд, пешкаш намуд. Мо бо ҳайрату

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё