Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳикояти ҷашни “Ҳазораи Ибни Сино”
Соли 1980 дар тамоми Иттифоқи Шӯравӣ
ҷашни бузурги “Ҳазораи Ибни Сино” баргузор
гардид. Дар тамоми кишвари Шӯравӣ, дар ҳама
ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ин ҷашнро бо тантана
таҷлил карданд. Дар Маскав як кумитаи марказӣ
барои баргузории ҷашни Ибни Сино таъсис шуд, ки
раиси он як академик буд. Мутаассифона номашро
фаромӯш кардам. Агар ба ёдам биёяд, дар поинтар
мегӯям. Ин академик, ки раиси ҷашни Сино буд, аз
Чуқонған, аз тоторҳо будааст ва аз чӣ сабаб бошад,
ки кумита дар бисёр масъалаҳо тарафи тоҷиконро

намегирифт. Пешниҳодҳои ҷумҳуриҳои дигарро қабул мекард, ки бештари онҳо бар зарари Тоҷикистон буд. Масалан аз аввал ин раиси кумитаи ҷашн масъала гузошт, ки Ибни Синоро тоҷик намегӯем. Фарзанди халқи тоҷик, намояндаи фарҳанги тоҷикӣ нагӯем. Агар Ибни Синоро тоҷик гӯем, рафиқони узбек меранҷанд. Намояндаи Тоҷикистон дар кумитаи марказии ҷашни Ибни Сино домулло Муҳаммади Осимӣ бисёр кӯшиш карданд, ки ин ақида, ин пешниҳод, ки Ибни Синоро тоҷик нахоҳем гуфт, қабул нашавад, лекин доду фарёди Осимӣ ба ҷое намерасид. Касе ӯро намешунид.

Қарор ин шуд, ки дар рӯзҳои ҷашн, дар чорабиниҳо, маҷлисҳо, дар китобу мақолаҳое, ки чоп мешавад, Ибни Синоро на тоҷик мегӯем на узбек, балки олими бузурги асрҳои миёна мегӯем.
Ҳамин пешниҳод қабул шуд. Тоҷик гуфтани Ибни Сино манъ гардид.

Ҷашни бузурги ҳазорсолагии Ибни Сино оғоз
шуд. Ба кадом миллат тааллуқ доштани ӯ маълум
набуд. Ба онҳое, ки ин масъаларо медонанд, гуфтан
шарт ва зарур не, лекин оммаи халқ, мардум бояд
бидонанд, ки фарзанди кадом халқ аст? Ба кадом
миллат тааллуқ дорад? Ӯ, ки аз осмон ба замин бе
ресмон наафтодааст. Забони модарии ӯ тоҷикист ва

пешина
аз 117
навбатӣ