Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Ман ҳамин ҷо шинам?

-Ҳа, шинед, марҳамат. Ҷой барои шумост.

Баъд гуфтанд, ки:

-Ман дар он ҷо бо калонҳо будам, як шашлик оварданд, ки мисли ҳалво дар даҳан об мешавад.
Бисёр шашлики нағз. Ман мехоҳам боз аз он бихурам, бинобар ин ин ҷо омадам.

Ҳақиқатан як замон оварданд. Вақте ки ба мо ҳам оварданд, дидем ки аз ҳамонҳост. Кабобе, ки дар сихи кӯтоҳ, ду пораи хурд дар сих гузаронидаанд. Сари ҳар касе ду сих кабоб доданд.
Дар ҳақиқат он қадар ширин, он қадар бомаза буд, ки то ҳанӯз чунин шашлик нахӯрда будам. Фақат баъд аз чандин соли дигар дар Кавказ як бор, як шашлик хӯрдем, ки ҳақиқатан бисёр хуб буд. Баъд аз ин шишлики олиҷаноб ва як пиёла чой, боз гуфтанд, ки ба мошинҳо нишинем ва рафтем. Ин дафъа хеле дур. Зодгоҳи Ибни Сино. Деҳе, ки он ҷо Ибни Сино ба дунё омада буд.

Соли 1946 ё 1947 буд, ки устод Айнӣ бо
Икромию Улуғзода, Кимёгарови киносоз ва
дигарон ба Бухоро рафта, он қишлоқро, зодгоҳи
Ибни Синоро муайян карда буданд. Аз рӯи китоб
ёфта буду муайян карда буд. Лекин акнун дар
арафаи, дар остонаи ин ҷашни Ибни Сино, олимони

пешина
аз 117
навбатӣ