Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Моленков бароямон ҳикоя кард, ки:
- Баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон Бобоҷон Ғафуров, ки соли 1946-ум котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон шуда буд, ба номи Сталин як номаи калон навишту талаб кард, ки Самарқанду Бухоро ба Тоҷикистон дода шавад.
Сталин барои ҳалли ин масъала як комиссия таъсис кард ва маро раиси ин комиссия таъйин кард. Мо аз номи комиссия бо имзои Сталин ба ҳама институтҳои дахлдор, ба Кумитаҳои Марказии Ҳизби Коммунисти Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва обкомҳову академияҳо нома навиштем, ки дар бораи ин пешниҳоди Ғафуров фикрашонро гӯянд. Баъд аз чанд вақт ҷавоб омадан гирифт. Ҷавоби бисёре омад. Ҳама ҷавобҳо ба фоидаи шумо тоҷикҳо буд,- гуфтааст Маленков.
Масъала тамоман ба фоидаи шумо ҳал шуда истода буд. Ман як “докладная записка”(гузориш) навиштанам лозим буд ба Сталин аз номи комиссия барои ҷамъбасти ҳамаи он ҷавобҳое, ки омад.
Навиштанашро сар кардам. Аммо ҳамин вақт Сталин вафот кард. Ин дӯлобӣ сар шуд. Олам зеру забар шуд. Ин комиссия худ ба худ пароканда шуд, комиссияи Моленков. Лекин ман, тамоми он ҷавобҳою материалҳои ин комиссия ҳамаашро якҷой, ресмон қатӣ баста, якҷоя дар архиви худам гузошта будам. Агар дар архиви ман набошад, дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё