Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд рӯзи дигар, яъне 03-09-1990 ин сессияи солонаи Айнӣ шуд. Он ҷо ҳам масъалаҳои Инқилоби Бухоро буд ва ман маърӯза кардам.
Мавзӯи ман дар бораи “Айнӣ ва Инқилоби Бухоро”. Он ҷо гуфта шуда буд, ки Айнӣ дар асарҳояш мегӯяд, ки: “халқи Бухоро ба Инқилоби Бухоро омода набуд. Халқи Бухоро на танҳо ба Инқилоби болшевикӣ, ба Инқилоби иҷтимоӣ, Инқилоби пролетарӣ, масалан тайёр набуд, балки ҳатто ба қабули он таълимоти маорифпарварон тайёр набуд. Ҳатто маорифпарварон ҳамон ҷадидонро, ки мактаби нав мекушоданду ташвиқу тарғиб мекарданд, ки ин илми замонро мардум донанд, инро ҳатто қабул надоштанд. Муллоҳои ҷоҳил хеле нуфуз доштанд дар байни халқ. Бинобар ин халқ аз ин гапҳо хеле дур буд”-мегӯяд Айнӣ.

Ман инро гуфтам, ки ин хел бошад, Инқилоби Бухоро, ки Инқилоби халқии Бухоро мегӯянд, Инқилоби халқӣ нест. Халқ тайёр набошад, халқ иштирок накарда бошад, чӣ тавр мо онро халқӣ меномем? Ҳамин хел. Баъд бо ҳамин сессияи мо тамом шуду мардум гашта рафтанд.
Масалан аз Душанбе омадагиҳо гашта Душанбе рафтанд. Ман мондам. Ман, Ҳодизода, Маъруф Раҷабӣ, ҳамин хел якчанд кас мондем. Ман Маъруф Раҷабиро бурда, тамоми Бухороро ба вай нишон додам. Вай якумин бор дар умраш сафари Бухоро

пешина
аз 117
навбатӣ