Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

пеш гирифта буд. Як-як нишон додам, фаҳмонидам. Ҳодизода ҳам бо мо мегаштанд. Баъд бо Ҳодизода рафтем “Чорбикр”. Ҳодизода, ки дар бораи Бухорову Аҳмади Дониш роман навишта буданд, “Чорбикр”-ро надида будаанд. Ҳамон ҷо “Чорбикр”-ро диданду ҳайрон шуданд, ки ин тур чизҳо будааст, ин тур ҷойҳо будаасту ман бехабар.
Ҳамин хел як ду-се рӯзи дигар мо сайругашт намудем дар Бухоро. Баъд вақти бозгашт ман гуфтам:

  • Ман як ҳамон котиби обкомро бинам, Ёдгоров қатӣ як-ду даҳан гап занам, рӯ ба рӯ шишта, ҳамту як ба як.

Омадам ба обкому илтимос кардам, ки маро қабул кунад. Гуфтанд, ки:

-Вай нест. Фаҳмидам, ки нахост. Баъд гуфтам, набошад, ба ман котиби дуюм даркор. Котиби дуюм, ҳамон ҷавони рус. Вай қабул кард. Вай қатӣ суҳбат кардем. Ман ба вай гуфтам, ки:

-Бародар, ту намояндаи Маскав ҳисоб мешавӣ дар
Бухоро. Ту бояд бетараф бошӣ. На тарафи узбекро
гирию на тарафи тоҷикро. Кадомашон ҳақ,
ҳаққониятро риоя кунӣ, бас. Ҳамон рӯзҳо паспорти
тоҷикӣ гирифтани тоҷикҳо сар шуда буд дар
Бухоро. Лекин бо бисёр мумониатҳо. Намехостанд,

пешина
аз 117
навбатӣ