Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Ман домулло Иброҳим Раҳматовро якчанд вақт надидам. Аммо як рӯз Иброҳим Раҳматов ба ҷои кори ман телефон кард ва хост, ки ӯро бинам. Ӯ дар “Нашриёти давлатии “Тоҷикистон” шояд нав ба кор таъйин шуда буд. “Нашриёти давлатии Тоҷикистон” тахминан дар миёнаҷои фаввораҳои боғи Рӯдакӣ воқеъ буд. Он ҷо омадам. Коре ба ман супурданд.
Чун таҳрирро ба охир расондам, нусхаи дастнависро ба нашриёт бурда супурдам. Гумон кардам, ки дигар вазифаи ман иҷро шуд, дигар ман аз ин фориғ ва ҳоказо. Аз паи корҳои дигарам шудам, лекин як рӯз боз домулло Раҳматов телефон карданд, ки як одам ба нашриёти “Ирфон” омадагӣ, ба ту гап дорад. Ба нашриёт омадам. Он папкаи дастнависи “Завол”-ро кушодам, ки пур аз эрод кардаанд. Як дафтари алоҳидаро гирифта кушодаанд. Ҳар куҷое, ки дар тарҷумаи банда эрод доштаанд, дар дастнавис хат кашида ва эродро дар ин дафтар қайд кардаанд, ки саҳифаи чандум, сатри чандум, кадом дафтар, ҳамин гуна эродҳо. Он шахс ба ман гуфтанд:
-Аввал ин дафтарро гиру бин, ки кадом хатоҳо ҳаст ва ба кадомаш ҷавоб дошта бошӣ, дар дастнавис ислоҳ кун. Баъд бо ҳам мешинему кор мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё