Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Маро ғам гирифт, ки вақти ман бисёр кам буд. Он дафтари эродҳоро, эродҳои домуллоро қабул кардаму корро сар кардем. Нусхаи асли ҳамон дафтарро кушоданд, ба ман нишон доданд, ки ин ҷо нолозим, нодуруст шудааст. Ислоҳро дида рафтем. Ҳар ислоҳро, ки медидем, ман мегуфтам, ки чаро ин тур ислоҳ кардаам? Чаро ин тур таҳрир кардаам? Чаро инро ман ин тур кардаам? Домулло гӯш мекарданду лекин қабул намекарданд. Чанд бори дигар боз ҳамин гап, боз он чизеро, ки ман ислоҳ кардаам, боз эзоҳ медиҳам, шарҳ медиҳам, сабабашро мегӯям. Домулло гӯш мекунанду мегӯянд:
-Аслаш дуруст буд, аслашро гузор. Ҳамин тур ба ҳамин минвол, ба ҳамин минвол ягон корамро қабул накарданд. Ман ба сифати вироишгар ҳар коре, ки карда бошам, ҳамаашро шарҳ додам. Аммо намедонам, дар куҷое, дар як ҷой як калима омад, ки ман онро ислоҳ кардаам, бисёр чизи муҳим буд.
Банда гуфтам, ки:
-Домулло дар ҳамаи он шарҳу эзоҳе, ки бо шумо дидем, ман ба гапи шумо розӣ шудам, аз таҳрири худ даст кашидам, аммо дар ин маврид шумо бояд гапи маро қабул кунед. Гуфтанд:
-Чаро? Ман сабабашро гуфтам. То тавонистам, эзоҳ
додам, ки ин масъала масъалаи ҷиддӣ аст, ман

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё