УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Овард. Ё шарт пинҳон кардан?
Ситора суоли ўро беҷавоб гузошта, ҷиддан мепурсад:
– Хайр, чӣ будааст вай?
– Хаёлат дур наравад, – ҳамчунон ба лабханди ширин мегўяд Шаҳзода. – Китоб...
– Чӣ?! – гўё мот мешавад Ситора.
– Як китоби оли-ҷа-ноб.
– Хуб ҳиммати баланд доштааст!
– Ҳар чӣ бошад, барои ман беҳтарин тўҳфа китоб аст.
– Тавба! Баъзе мулоҳизаатро шунида, ҳайрон мешавам.
– Чӣ ҷои ҳайрат?
– Наход китоб оварданд гуфта, одам ин қадар дар пўсти худ нагунҷад! Хонаат-ку пур-пури китоб.
– Чӣ илоҷ? Инсон, зан аст ё мард, бояд якумр хонад, омўзад. То метавонад, на танҳо аз зисти мўрчагон, балки аз асрори кайҳон низ ҳатталимкон хабардор бошад.
Бинобар ин тўҳфаи ўро дар рафи алоҳида ҷой додам. Ба як олам сурур...
– Лекин ман ба китоб қарин нестам.
Агарчи худамро маҷбур карда, мавридаш ояд, баъзе устодонро хўрондаву пўшонда, ниҳоят донишгоҳро ба дипломи сурх хатм намудаам, ҳоло аз ду варақ бештар хонам, сарамро дард мегирад.
– Чунки хаёлат ба кўчаҳои дигар меравад?
– Чандон нею... – рабти суханашро андак гум мекунад Ситора. – Умуман безорам аз китоб. Азоби бисёр кашида, панҷ сол сабақ омўхтам... басу барзиёд.
– Барои ҳамин баъд аз таъмири манзилат як олам китоби нағзро, ки маълумоти олӣ доштаед, ба илова забони русиро хуб медонистаед, минбаъд камкам мутолиа мекунед гуфта, Ратмир ба ҳар дуи шумо монда рафт, бепарво бароварда партофтӣ.
– Аз куҷо донистӣ, апа? – ба гунаҳояш сурхӣ дамида, пас аз лаҳзае сукут мепурсад Ситора.
– Нағз, ки дина вонахўрдед, – боз механдад Шаҳзода.
– Вохўрем, чӣ мешуд? – низ маҷбур радаи дандон метобад Ситора.
– Фикр мекунам... рафту вай аз ҳоли китобҳояш пурсад, чӣ ҷавоб медодӣ...
Балки шарм медоштӣ.
– Аҷаб хазина будааст! – гуё кадом магасро нишон гирифта, даст меафшонад Ситора. – Аҷаб дафина... Воқиан, чӣ хел фаҳмидӣ, ки ман онҳоро партофтаам?
– Ду-сета ба худам шиносашро чанд рўз пеш дар дасти бачаи ҳамсоя дида, пурсидам, ки аз куҷо ёфтӣ. Аз ахлотхона...
гуфт вай шоду бод. Якта-нимта расмҳояшонро тамошо карда, даҳонаш аз ханда каҷ, варақ-варақ медаронд аҳмақ.
– Хайр акнун, он тарафаш дарзаи китоб, ҳезум барин...
Ҷони одам не-ку! – ин дафъа муй меафшонад Ситора.
– Тахмин бист рўз пештар ман ба ғарами чангзадаи онҳо нохост дар пушти ошхонаат бархўрда, ба андешаи мабодо партоӣ, мехостам аз назар гузаронам. Гуфтӣ, ки баъд
– ҳоло шитоб дорам, апа, хонаи хоҳарам рафтаниам. Боз ҷавобан ба гумони ман мегуфтӣ: фурўхтан мумкин, аммо ҳаргиз намепартоям... Дуруст?
– Бале, ҳамчунин исрор кардӣ, ки бояд дар байни онҳо ба ту мақбулаш бошад. Агар ҳаст, ман худам мехарам гуфтӣ... – нигоҳашро қадре мегурезонад Ситора.
– Пас чаро ақалан хабар надода, зуд дар ахлотхона партофтӣ? Ё ҳеҷ раҳмат наомад ба хел-хел моҷарои ҳаёти одамон, ки шояд дар он китобҳо тасвир шудаанд?
– Лўндаи гап – харидор наёфтам, апа.
– О ман ба ту гуфта будам-ку...
– Хаёлам, як зани каппа-калон шуда, китобро дар сарат мезанӣ. Хаёлам, ҳазл мекунӣ, ҳатто мазоҳ мегирӣ.
– Барои ҳамин аз рўзи аввал намондӣ, ки якта-якта кушода бинам?
– Росташро гўям, намедонам барои чӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё