Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ваалайкум ассалом, раис. Мондаҳо?
– Як навъ, амак. Аз худатон пурсам...
– Аҳволи ман бад не... Лекин пўсткандаи гапа гўям, аз шумо камтар гила дорам.
– Чӣ шуд? – хандид раис. – Шояд аз ҷониби мо ягон кўтоҳӣ сар зад?
– О ҳамон китобхонаи аслан заҳ зимистони дароз рўи алава надидааст...
– Ман фармудам, амак, духтаратон худи ҳамин рўз ангишту ҳезум мегирад.
Тобистон ба умеди идораи ҷамоат шуда, китобхонаро аз ҳисоб берун мондаем. Ин гуноҳи мо.
– Идораи ҷамоат ба умеди калхоз... – даст афшонд пирамард. – Хайр, аз кор гап занед.
– Корамон ба таъриф намеарзад. Ҳамин барф моро хеле бесаришта кард.
– Ҳа-а, барфи калон ғалтид. Аёсаша намегўед! Чорво дар чӣ ҳол? Хўрок ҳаст?
– Беда дорему казоӣ не. Се мошин як ҳафта боз аз Хайробод сабўсу кунҷора мекашад. Шофирҳо хуб ҷон канда, ҳар шабонарўз ба азоб ду бор рафта меоянд; раҳ дур, ҳаво хунук, яхбандӣ...
– Сахт истед, раис. Ҳа нагуфта баҳор мерасад.
Азоби зимистон сабақ шуда, минбаъд ғами хасу хошока дурусттар мехўред. Китобхона ҳам аз ҳисоб берун намемондагист.
– Албатта, – боз хандид раис ва дарҳол, чунон ки нохост ба сараш фикре омада бошад, илова намуд: – Нағз, ки вохўрдем.
Шаб писаратон Мурод занг зада буд. Саҳар ба шумо мерасонам гуфта, фаромўш кардаам. Ташвиши бисёр...
– Мурод занг зад?! – ҳайрон шуд пирамард. – Чӣ гуфт?
– Падарам зуд биёянд...
– Э-эъ! Чӣ кораш будааст, напурсидед?
– Ҳамдигарро дуруст шунида натавонистем. Ҳамин таъинашро базўр фаҳмидам.
– Тавба... Мабодо ягон воқиаи нохуш рўй дода бошад!
– Тинҷӣ будагист. Фарзанд-дия, эҳтимол шуморо пазмон шудааст...
– Не-е, – гуфт пирамард ошуфта ва акнун худ ба худ суханашро давом дод: – Ягон гап набошад, дар ин сармо барои чӣ ҷеғ мезанад? Ё тобаш гурехт...
– Парешон нашавед, амак. Аввал обро дида, баъд мўза кашед. Хайр, ман аз паи кор... Узр, ки саҳар инро ба шумо расонда натавонистам.
Раис дари мошинро пўшид.
– Илоҳӣ офият бошад, – зери лаб пичирос зад пирамард ва хиратабъ ба ҳавлиаш даромад.
Вай дар хона ба кўрпачаи назди бухорӣ нишаста, хеле ба андеша рафт. Дилаш торик мешуд, хаёлаш ба саду як кўча сар мехалонд.
Ба Мурод чӣ воқиа рўй дода бошад?
Барои чӣ дар ин зимистони қаҳратун ногаҳон ўро дидан мехоҳад? Вай чунин одат надошт. Дар муддати ҳашт соле ки аз назараш дур аст, ягон маротиба ба телефон, ё худ нома навишта... ўро даъват накарда буд. Дуруст аст, ки вақте мехонд, гоҳ-гоҳ, ҳамон ҳам агар бепул монад, хату хабар мефиристод. Вале таҳсилашро дар институт ба охир расонду аз вай дигар мактуб наомад... Кораш нағз буд, рўзгораш ҳам осуда. Боз чӣ гап шуданаш мумкин?
Фикр карда шиштан фоида надорад. Ҳар чӣ бошад, илоҷе ёфта, ба раҳ даромадан лозим. Агар ин гапро саҳар мефаҳмид, беташвиш ба автобус савор шуда, то худи Хайробод мерафт; он тарафаш осон, ҳатто поезд ҳаст. Акнун, баъди нисфи рўз, автобус намегардад. Чӣ кор кунад? То Хайробод ҳафтоду панҷ километр! Бахташ тофта, ягон мошини раҳгузар рост ояд, айни муддао мебуд.
Пирамард «се мошин як ҳафта боз аз Хайробод сабўсу кунҷора мекашад», – гуфтани раисро ба хотир оварду аз ҷой хеста, ба айвон баромад. Ҳамсараш, зани тахмин панҷоҳсолаи ситорагарм, ки ба пичаҳояш сафедӣ дамида буд, дар як гўша ҷомашўӣ мекард. Вай ба ин зан, ки шавҳараш дар ҷанг ҳалок гардида, новақт бева монда, маҷбур дар хонаи падараш мезист, бист сол муқаддам, баъде ки модари Мурод аз варами шуш баногаҳ вафот кард, хонадор шуда буд. Мурод он маҳал нав ба ҳашт қадам мегузошт. Ўро ҳамин зан кам надид ва чун ба фарзанди худаш меҳр баста, бе ягон иллату миннат ба воя расонд.

пешина
аз 132
навбатӣ