Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

намебинадаш. Ҳаргиз!
Дар болои сари ў канда-канда раъд гулдурос мезад, барқ меҷаҳид. Ва муттасил борон мерехт.
1986
ОХИРИН РЎЗИ ТИРАМОҲ
– Ҳушат куҷо рафт?
– Борон меборад, борони тирамоҳ.
– Хунук хўрдӣ? Тиреза кушода...
– Не. Падарамро ба ёд овардам. Бўи бодиринг меояд.
– Чӣ?
– Бўи бодиринг мегўям...
– Ту сиҳатӣ?
– Не. Фардо бояд дар бемористон хоб кунам.
– Чӣ дард дорӣ?
– Намедонам.
– Тирезаро пўшам?
– Лозим не – борони нағз, мулоим...
– Рост, резаборон. Аммо ҳаво сард.
– Ту кай омадӣ?
– Ҳамин саҳар. Ба идораат занг задам.
Гуфтанд, ки панҷ моҳ боз дар он ҷо кор намекунӣ.
– Баъд ин ҷо омадӣ...
– Бале, аммо дар ин ҷо ҳам туро наёфтам.
Ман тамоман бехабар будам. Ҳамсояат гуфт... Чӣ хел шуд?
– Одамон чӣ хел мемиранд?
– Ту ҳеҷ аз талху пичингат намемонӣ!
– Бегоҳ аз кор омадам, ки аҳволаш бад...
– Гуландом куҷо буд?
– Ҳамин ҷо. Ўро аз боғча гирифта, оҳистаоҳиста ба хона меояду дилаш якбора беҳол мешавад...
– Гуландом натарсид?
–
...Зуд кўча баромада, духтур ҷеғ задам.
Лекин...
– Гуландом натарсид?
–
...Лекин дер шуд. Гап дар бораи Гуландом бошад... не-е, вай натарсидааст.
– Ту аз ман наранҷ. Медонӣ, ман...
– Медонам; медонам, ки ту ҳамон одами сангдил. Аз ин ҷиҳат асло дигар нашудаӣ.
– Чӣ, магар аз аҳволи фарзанди худ пурсидан сангдилист?
– Ман гумон доштам ту ўро фаромўш кардаӣ.
– Гумони беҳуда! Мактуб нанавиштаам, пул нафиристодаам; фиристода ҳам наметавонам. Инаш рост. Аммо фаромўш кардан...
– Хайр, мон, аз дигар ҷо гап зан.
– Масалан?
– Масалан, аз Маскав.
– Маскав дар мақомаш. Ободӣ, амонӣ, арзонӣ...
– Корат чӣ тавр?
– Бад не, ягон сол пас ҳимоя мекунам.
– Бисёр хуб. Орзуят ҷомаи амал мепўшад, ниҳоят орому осуда мешавӣ.
– Боз талху пичинг... Ё ҳасад мебарӣ?
– Аз чӣ ҳасад барам?
– Ба ҳар ҳол дар Маскав хона дорам.
Номзади илм шуда, ҳамон ҷо мемонам...
– Ман ҳеҷ гоҳ бахил набудам, дар оянда ҳам ба касе бахилӣ намекунам. Вале...
якумаш ин ки ту аввал олим шав, олими нағз шав, баъд гап зан. Сониян, дар Маскав хона дорам мегўӣ...
– Сахт расид?
– Не, сахт нарасидааст. Чунки ба ин ҷо, ба манзили раҳматӣ модарам, ман худам бозпас омада будам. Ва ниҳоят... вақте ки ба воситаи суд ҷудо мешудем, ту ҳазор илтимосу илтиҷо кардӣ: аз хона даҳан накушо, нафақа ҳам напурс, вазъияти ман бисёр вазнин, ҳамин ки корам ривоҷ гирифт, баъд ихтиёрат... Гапам дуруст?
– Дуруст. Ман ҳоло ҳам аз фикрам нагаштаам. Корам барор ёбад, пулдор шавам, пас ана...
– Пас барои чӣ хонаро иваз кардӣ?
– Аввало ин ки ману ту дар ин хусус ягон маротиба гап назадаем. Сониян, ман гуфта будам – Гуландом духтарам, модом ки Гуландом духтарам, хона ҳам оқибат аз они вай мешавад.
– Дар Маскав?
– Аз ду хонаи ин ҷо як хонаи Маскав беҳтар нест? Ту ҳатто тасаввур карда наметавонӣ, ки дар чунин шаҳр ба сар бурдан чӣ бартариҳо дорад. Маркази илм, маданият...
– Кас агар хоҳад, дар ҳама ҷо илм меомўзад. Ба маданият расидан ҳам аз худи одам вобаста.
– Рост, вале муҳит чӣ? Барои чӣ муҳити созгорро ба инобат намегирӣ?
– Муғамбир ту! Боз механдӣ...
– Хайр, дар ин бора баъдтар гап мезанем.
Ҳоло дуруст фаҳмон, ки кай...

пешина
аз 132
навбатӣ