УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

«Ба зан-мардум ягон чиз фаҳмонда намешавад...» Айёми зимистон гузашта, баҳор омад.
Мавсими боронгарӣ низ анҷом ёфт.
Акнун осмони деҳа бетак ва каб-кабуд метофт. Ҳаво соф, офтоб рўзи дароз нурпошӣ мекард. Ба димоғ бўи замини бедор, бўи гулу сабза мерасид.
Мўйсафед инак ғўлаҳои зардолуро, то ки дар офтоб хушк шаванд, аз айвон ба саҳни ҳавлӣ фуроварда буд. Баъзан соат аз паи соат мегузашту вай аз назди онҳо дур намерафт, – пўстлохашонро меканд, чаппа мекард, рафту дар болояшон соя афтад, ба офтобрўя мекашид. Ё дар гўшае нишаста, дуру дароз ба сўи онҳо чашм медўхт.
Дар ин гуна лаҳзаҳо мўйсафед ҷисман ҳис менамуд, ки чӣ тавр гармии ҷонбахши офтоб ба мағз андар мағзи ғўлаҳо, чун ба тани худи вай, раҳ меёбад. Басо мешуд онҳоро, ангор фарзанди инсон бошанд, навозиш ҳам мекард.
– Ба худо, ки ақлатро хўрдаӣ, – мегуфт кампираш, аз ин кирдори ў дар тааҷчуб монда.
Мўйсафед ҷавоб намегардонд. Фақат механдид; механдиду боз машғули ғўлаҳо мешуд...
Тобистон даромад.
Мўйсафед дар ин муддат як бузашро баумед кушта, рўдаҳояшро аз чарбу тоза кардаву махсус хушконда, «барои думбура», – гўён аз онҳо ба дасти худаш чанд газ тори бақувват бофта монд.
Ғўлаҳо низ ба тоб омада буданд. Вале мўйсафед саросема намешуд.
«Боз камтари дигар, – мегуфт дар дил, каҷкорду тешаашро ба сўҳону фасон тез карда. – Боз ду-се ҳафтаи дигар...» Ниҳоят вай дар пеши ҷўи равон, ки ҳавлиро қадре бурида мегузашт, аз сангу чим банд партофт. Ва об кўл шудан пас... аз ғўлаҳои зардолу якеро оварда, ба он кўл андохт. Ғўлачўб оби худашро гурезонда буд; акнун, то ки тарошиданаш осон гардад, мебоист оби бегона гирад. Бинобар ин се рўз даруни кўл хобид.
Рўзи чорум мўйсафед онро аз об бароварда, ба дўконаш бурд ва остин барзада, ба кор шурўъ намуд. Парвои оламу одам надошт. Аз субҳ то шом дар равшании пеши дар нишаста нишаста, дар даст гоҳ каҷкорду гоҳ теша, он ғўлаи дуруштро тадриҷан ба шакли думбура меандохт. Аз ҳаракати баэҳтиёту чашмони нурбораш равшан бармеомад, ки мўйсафед як асбоби маъмулӣ не, балки мўъҷиза меофарад. Ва он мўъҷиза худи ҳозир аз гармии дилу қудрати дасту панҷаи ў ҷон гирифта, ба ҷунбиш меояд, табассум мекунад...
– Ҳама думбураат ҳамин?
Хаёлаш парешон гардида, мўйсафед дар муқобил ду нафарро дид. Ҳар ду низ ҷавон – яке зардинаи дароз; дуюмӣ, ки дар даст магнитафон дошт, миёнақади мўяш ҷингила. Кадоме аз онҳо суол дод, вай нафаҳмид.
– Мегўям, ки ҳама думбураат ҳамин? – пурсид ҷавони зардина.
– Ҳо, бачам...
– Ин қадар безеб?
Мўйсафед озурда шуд.
– Чандсўмианд?
– Худат пурс.
– Даҳ сўм...
– Ба даҳ сўм чўбашро намеёбӣ.
– Ман ба чўбаш чӣ кор дорам? Ба ман думбура лозим.
– Асбоби хуб лозим бошад, ана... бигир.
– Моли хуб будааст, а! Афташон дар чӣ ҳол
– намебинӣ?
Дигар думбураҳо ялақос мезананд. Инҳо чўби хушк барин...
– Ту аввал навохта бин.
– Ба навохтан менавозам. Лекин аз сози рангаш хунук чӣ фоида? Гап ҳамин, мўйсафед: даҳ сўмак медиҳаму яктаашро мегирам, розӣ набошӣ – ихтиёрат.
– Не-е, бачам, – калла ҷунбонд ў, – арзон пурсидӣ. Зардина хам шуда, аз думбураҳо якеро бардоштан мехост, ки ҳамроҳаш аз остини вай кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё