Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ин фикр аъзои бадани мўйсафед метафсид; гўё оташ ба тани созҳо не...
балки дар ҷони худаш давида буд.
– Ҳеҷ қисса не, ғам нахўр, – мегуфт Мирзокарим, акнун ўро тасаллӣ дода.
Мўйсафед сар намебардошт.
Баъд дар ҷои оташ як тўда хокистар монду вай дар азоб бархост. Ва мисли марде ки қоматаш аз кадом мусибати вазнин камон гардидааст, оҳиста-оҳиста қадам партофта, рў ба интиҳои боғи хомўш рафт.
Ў чор-панҷ рўз ба ягон кас ҳамгап нашуд.
Кулли он ғайрату ҳарорате ки зардолуро буридан инҷониб вуҷуди мўйсафедро тарк намекарданд, банохост гум гашта буданд.
Пакару бедимоғ мезист вай. Хаёлаш, ки дили ҳамеша гармашро ба як пора санги сард иваз намудаанд.
–Ноумед нашав, – мегуфт кампираш, бешубҳа ба ҳоли ў раҳмаш омада. – Боз чорта думбура дорӣ. Мирзокарим барин ду-се бор равғани зағир молида, дар офтоб монӣ, ранги оина ялақос мезананд.
«Ту куҷову маслиҳат...» – бадтар хуноба мешуд мўйсафед. Аз байн чанд рўзи дигар гузашту вай кам-кам ба худ омад. Ва як чоштгаҳ ду пора равғани дунба гирифта, ба дўконаш рафт; думбураҳоро ба рўи ҳавлӣ баровард. Ба «равғани зағир нағз нест, мардак?» – гуфтани кампираш эътибор надода, ҳамон ду пора дунбаро ба ҳар чор асбоб табъи дил молид ва онҳоро дар офтобрав гузошт. Сипас то бегоҳ хапу дам аз паи кори хона шуд.
Субҳи рўзи дигар рўймоли миёнбандашро кушода, думбураҳоро ба вай хуб пок кард. Баъде ки ҳама лайс шуданд – лекин рангашон тағйир наёфта буд, – ба онҳо тор гузаронду худ ба худ «мабодо овозашон носоз барояд?» – гуфта, дар ҳаяҷон ва тарсида-тарсида, ҷўр намуд, ки эҳа-а... садои дилбаре доранд, дар ин ҷиҳат ҳатто аз асбоби ҳамсояаш як сару гардан болотаранд...
– Ҳа-а, маълум, ки аз чўби зардолу, – мегуфт Мирзокарим, ба тори онҳо панҷа зада. Аммо вай инро ба мўйсафед нигоҳ накарда ба забон меовард; чунин менамуд, ки – одамизод аст! – ҳасад мебараду намедонад ғубори шояд дар чашмонаш аксгардидаро чӣ тавр пинҳон дорад.
Бинобар ин мўйсафед таскин намеёфт:
дар байни созҳо асбоби дилхоҳаш нест.
Эҳтимол он думбураро, ки ормони кулли умраш буд, болои қаҳр худаш дар оташ андохта, бераҳмона сўзонд. Сазои сараш!
Дигар ҳеҷ гоҳ ба даст каҷкорду теша намегирад, гирифта ҳам наметавонад. Барои он наметавонад, ки дониста ё надониста орзуи ширинашро, ниҳоли умедашро сўзонд, хокистар кард. Бе орзу, бе дарду ҳасрат...
– Чашм нарасад, овози баҷо доранд, – гуфта буд Мирзокарим, ҳангоме аз дарвоза баромада, хаёлманд ба тарафи хонааш мерафт. – Лекин, ҳамсоя... рости гап, рангашон назаргир не – паст, ҳатто хунук.
Муйсафед ба ин сухани ў дар сукут ҷавоб гардонд ва думбураҳоро ғундошта, бозпас ба коргоҳаш бурда монд.
Акнун дари дўкон ҳамеша қуфл буд.
Вай онро рўзе кушод, ки хабари аз хизмати ҳарбӣ баргаштани набераашро оварданд.
...Думбура ба Саидакрам хуш омад.
– Рангаш ҳам бисёр табиӣ, мулоим, – гуфт ў ба шавқ. Ва муддате гўшакҳояшро тоб додаву ҷўр карда, баъд сидқан навохт. Ончунон навохт, ки мўйсафед, аз фарёди торҳо рўҳаш болида, беихтиёр меандешид: не-е, заҳматаш барбод нарафтааст, ба худаш набошад ҳам...

пешина
аз 132
навбатӣ