Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай ба мўяш шона мекашид.
Баргҳои тару тозаи дарахти зардолу, зардолуи қандаки нав ғўрабаста...
Дар пушти тиреза шибир-шибир ҷунбида, балки рақсида, нурҳои зарандуди офтобро аз як шиша ба шишаи дигар меандохтанд.
Сабаб чист, ки аз садои паст ва гўшнавози баргҳо... Ҳарчанд хуш меомад, хаёлаш рахна ёфт.
Ба мўяш торафт сусттар шона зада, билохир вай гўё шах шуд, ба санг табдил ёфт.
Пас шонаро як сў гузошт.
Ба ҳар ду оринҷ дар канори миз такя овард.
Мўи сунбулаш парешон гардида, ба сари китфони нозукаш афтид; пуштаки курсии роҳатро мисли абрешим нарм пўшид.
Чунин менамуд, ки мўй не... обшор аст. Ва ин обшор ба худ нафис раҳ кушода, ҳоло баёзи гардани ўро мешуст.
Булўрин буд гўё гарданаш.
– Инак авҷи баҳорон... Шумо, баргҳои нозанин, эҳтимол пичирос мезанед, ки вай дигар ба ман меҳр надорад? Шояд гуфтаниед: гапи одамон ҳақ – ба доми вай беҳуда гирифтор шудӣ, фиреб хўрдӣ? Аз беақлӣ?.. Ё ба ман фикри ўро расондан мехоҳед, ки сол то сол пир мешавам ва акнун маро дўст доштан амрест мушкил?..
Бигўед, охир, баргҳои нозанин, бигўед: аз чӣ ин қадар пичирос мезанед шумо?
Вай сар ба сўи дастони сафедаш хам кард. Миллаи маҳине аз мўяш...
Поин афтида, рагу рагчаҳои кабуд ва қадре дамидаи пушти он дастонро...
маҳрамона пўшид.
– Бигў, бигў, дарахти зардолу! Вай талх гирист.
– Ту ҳам гап зан, азизам! Азизи дилам...
Чаро хомўшӣ? Китфонаш меларзиданд.
Донаҳои ашк...
Чун қатраҳое ки аз обшори мўяш ҷудо шудаанд, ба рўи дастонаш, ба ангуштони дароз-дарози ҳанўз зебояш мечакиданд. Дар пушти тиреза баргҳои дарахти зардолу, зардолуи қандаки нав ғўрабаста...
Беист пичирос зада, меҳрандуд мегуфтанд:
– Ба мўят шона каш! Бале, шона... Ў баробари ҷонаш медонад туро!
Аммо вай инро намешунид. Ва ҷигараш хун шуда, мўяш парешон... аз мағз-мағзи дил мегирист.
Ин майдон чунон фарох, ки ба назар ҳадду канор надорад. Сап-сафед аст. Кас агар дарозтар нигоҳ кунад, чашм мебарад рангаш.
Нўки ниҳолон...
Ғарқи анвори офтоб, аз нафаси боди сабуксайр оҳиста меҷунбанд.
Ҳавои саҳаргоҳон сард...
Ҳоло, дар ин нимарўз, гарм аст.
Дар сари ҷўяке, дар пояи чанд ниҳоли аз заҳри кимиё баргрехта, аммо кукаҳояш ҳама шукуфон...
Дар болои пешдомани карбос як кўдаки тахмин дусола мехобад.
Дар наздаш пораи нон, бодиринги газида, чумча, косаи чўбини холӣ.
Замин рутубатнок.
Ба димоғ бўи ҳамон заҳр меояд, ки дирўз қариби бегоҳ ба сар то сари ин майдон...
Аз ҳавопаймо пошида буданд.
Зиллаи сиёҳе ба пои урёни кўдак менишинаду фавран ҷаста, худро ба дигар ҷўяк мезанад. Дуртар аз вай, дар шохаки ниҳол, малахи танҳое беист меҷунбад. Як ганбуски визвизак аз болои шиками кўдак...
Рў-рўи куртаи чиркин шитобон гузашта меравад. Ду-се пашша парзанон ғинг-ғинг доранд.
Кўдак бедор шуда, мегиряд. Вале гиряашро... Хишир-хишири ниҳолон пахш мекунад.
Ана... ў бармехезад. Вале пояш дар банди пешдоман печида, рў ба ҷўяк меғалтад.
Баргҳои хазону хоки намро ба дандон газида, паҳлу гашта натавониста, нафасаш мегирад; дасту по мезанад. Вале...
Дигар аз ҳолу мадор рафта, ранги рўяш батадриҷ кабуд мегардад.

пешина
аз 132
навбатӣ