УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Вай дар деҳаи мо одами бисёр машҳур аст. Ба содагиаш. Аз оғози ҷанг то рўзи Ғалаба ба фашистон мубориза карда, дар бари синааш ду ордени Шараф... ба деҳа баргашта, ҳамон боз дар калхоз рама мепояд.
Мефаҳмед – чил сол инҷониб чўпон аст он мард. Дилаш соф, нияташ пок. Ба ҳама некӣ мехоҳад, ба ҳама бовар мекунад; аз ғами касе гиряаш меояд, аз хурсандии дигаре… ҳа-ҳа нагўед, ба рақс медарояд. Як ҳафта пеш шунавам, ба ҳамин одам боз ордени Шараф супурдаанд. Сеюмашро. Вай онро бояд чил сол муқаддам мегирифт.
Тасаввур кунед, ки мукофоти қаҳрамониҳо дар бадали чил сол соҳибашро кофта-кофта, оқибат ёфтааст!
Пас хаёли ман ба Иноят Шамсиддин нарафта, ба кӣ равад? Ба мудири ҳаммоми рақами ду, ки бо вуҷуди ҷавони сисола будан… деги маърака барин шикам монда, аз ҳар қадамаш заминро миннатдор кардан мехоҳад?
Не-е, ин хелаш намешавад...
Хулоса, он мақоларо навишта натавониста, аз худ норозӣ як ҳабро фурў бурда, нисфи шаб ба ҷогаҳ даромадам. Аввал чандин маротиба паҳлу гашта, сонӣ...
Хоб дидам.
Марямхоларо.
Дар деҳаи мо ба ҳамин ном як пиразани бадбахт зиндагӣ мекунад. Солҳои ҷанг ҳам аз шавҳараш ва ҳам аз ду писараш хати сиёҳ гирифта, тадриҷан хаёлинамо шуда, вай то ҳол тани танҳо рўз мегузаронад. Тобистон, ҳангоми мураххасиам, то ки падару модар ва хешу таборро зиёрат кунам, ба деҳа рафта, ўро низ дар кулбаи фақиронааш хабар гирифта будам. Марям-хола дар айёми кўдакии ман…
Баъд ҳам – солҳое ки мактаб мехондам, тез-тез ба ҳавлиамон омада, чусту чолок ба кору бори модарам ёрӣ мерасонд.
Ва гоҳо мешуд, ки шабона ҳамроҳи ману додарам дар айвони хонаамон хоб карда, дар равшании маҳтоб соатҳои дароз ба мо афсона мегуфт.
Аз он афсонаҳо баъзе... масалан, «Ҳафт додарон», «Маликаи чилгазамўй», «Кали Боқӣ», «Лаку Пак» ва ғайра то ҳол аз хотирам нарафтаанд. Инак, баъди қариб бист сол, ман метавонам онҳоро ҳарф ба ҳарф такрор кунам.
...Марям-холаи пир шаб дар хобам бисёр ҷавон буд; зебо буд. Саропо дар либоси сафед, ба даст китоб... дар соҳили як рўди пуроб қад кашида, ба ман, ки аз ҳусни беҳамтои ў шах шуда, дар соҳили дигар меистодам, ба овози баланд, вале ниҳоят форамаш ғул-ғули дарёро пахш карда, эҳтиёт бош, писарам, муракаб аст кори ин дунёи фано мегуфт.
Боз мегуфт, ки ана ба ту мисолаш: дар азал Офтобу Маҳтоб ду хоҳарон буданд.
Лекин ба ҳусни якдигар рашк мебурданд. Рўзе ба кадом баҳона гапи онҳо гурехт. Дар байни ҷанҷол Маҳтоб ҳар замон ба Офтоб мегуфт, ки ман аз ту сад бор хушрўйтар. Офтоб ҳам аз ҷаҳлаш нафуромада, такрор ба такрор дурўғ, ман хушрўй мегуфт. Қисса кўтоҳ, инаш «ман хушруй», ваяш «не, ман хушрўй, ман...» – гўён ҷанҷоли онҳо сахттар шуда, дар ниҳояти кор Офтоб ба ин гапгузаронӣ дигар тоб оварда натавонисту ханҷари худро аз наём кашида, ба рўи хоҳараш чанд зарба зад ва саркану покан гурехт. Чеҳраи зебояш хуншор гардида, Маҳтоб дар ғазаб аз пушти Офтоб давид; хеле давиду ўро дошта натавонист… Аз ҳамон рўз онҳо якдигарро таъқиб мекунанд, аммо – бефоида! То алҳол рўи Маҳтоб доғдор аст.
Аз паи ханҷари хоҳараш Офтоб... Акнун фаҳмидӣ? Ҳа-а, эҳтиёт бош, писарам. Дунё мураккаб, асли одамро шинохтан душвор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё