УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Майлатон, амак. Лекин азоб мекашед.
– Дигар чӣ илоҷ, рафтан лозим.
Пирамард ба ҳавлӣ даромада, каме пас сабадчаву харбузаро бардошта омад.
– Боратон ҳам вазнин будааст.
Рашид аз дасти ў харбузаро гирифта, ба даруни кабина, назди суръатбардор монд. Баъд боло баромад. Сарпўши қуттии чўбинро, ки дар пешгаҳ ба борти мошин ҷафс шуда меистод, осон кушод; аз дохилаш як чодари брезентиро берун оварда, ба ҷои он сабадчаи пирамардро андохт. Ва сарпўши қуттиро гашта маҳкам кард.
Пирамард ба мошин савор шуд.
– Аз боло шинед, – гуфт Рашид, ба чашм қуттиро нишон дода. – Шамолпанаҳ. Агар хунук хўред, брезента ба саратон кашед.
Нағз, ки мўзаи гарм доред.
Вай ҷаҳида фуромад.
Мошин пеш рафт ва тақрибан пас аз даҳ дақиқа, баъде ки раҳи каҷмакаҷи тали Шерон оғоз ёфт, ҳаракаташро хеле суст кард.
«Ин ҷойҳо хавфнок, махсусан дар зимистон, – мулоҳиза меронд пирамард, ба гашти мошин зеҳн монда. – Шерони дарди сара сиҳат-саломат гузарем, он тарафаш душвор не. Рафторафт дара бошад ҳам, раҳаш ҳамвортар... Азоби шофирҳо ҳисоб надорад. Мудом дар сафаранд – ҳам дар сармову ҳам дар гармо. Рафту дар ягон нимароҳи хилват мошинашон вайрон шавад, азоби сага мебинанд».
Мошин оҳиста-оҳиста, гўё хазида, ба фарози Шерон мебаромад. Ба гўши пирамард, ки ҷуссаи наҳифаш дар ҳавои гашти он такон мехўрд, ғуриши гўшхароши матору садои якнавохти занҷири чархҳо мерасиданд. Дар поин, дар домани тал, хонаву ҳавлиҳо ва боғоту майдонҳои барфпўши деҳа тўл кашида буданд. Худи он дар иҳотаи адирҳои баланд тасмаи бузурги нуқрафомро ба хотир меовард. Аз ҳар ҷо-ҳар ҷои ду бари раҳ пуштаву харсангҳои сап-сафед, ё ҷариву камарҳои сангини қисман аз барф орӣ ба чашм мерасиданд.
Пирамард ба манзараи якрангу дилгиркунандаи атроф назар андохта, ба хаёл рафт. Охирин бор ўро хабаргирӣ омадани писарашро ба ёд овард; ба ёд овард, ки вай ду моҳ қабл аз ин, дар тангии тирамоҳ, ҳамроҳи занаш омада буд.
Сим-сим борон меборид он рўз. Ҳаво андак хунук буд. Пирамард, ки қариб як моҳ боз – баробари намӣ фуромадан – дарди пояш аз нав боло гирифта, ночор азоб мекашид, дандон ба дандон монда, дар ошхона ҳезум мешикасту Муродро фикр мекард. Фикр мекард, ки вай аслан бачаи баақлу ҳуш... Лекин чаро дар мусофират мегардад? Барои чӣ кўчида намеояд? Агар ҳозир мебуд, ба кору бораш ҳамдастӣ карда, қуввати дил мешуд...
Ғайр аз ин, ягон рўз пирамард ҷон ба ҷаббор диҳад, то даме писараш хабар ёфта, аз Душанбе барин шаҳри дур расида меояд, эҳа... мардум ўро ба қабристон мебаранд ва нури дидааш наметавонад пеш-пеши тобуташ равад. Магар вай ба ҳамин ният фарзанд калон кард? Вақте ки Мурод мехонд, пирамард умед дошт – фардо писараш одам мешаваду орзуҳои дар ҷавонӣ, дар солҳои нотинҷ ба бод додаи ўро аз нав зинда мегардонад; ниҳоят, дар аснои пирӣ, каме бошад ҳам, вай аз ташвишу тараддуди рўзгор фориғ мешавад, дар сояи фарзанд роҳат мекунад...
– Акаам омаданд, акаам! – гўён хушҳол ба ошхона қадам мондани духтараш хаёли пирамардро бурид.
Вай саросема ба рўи ҳавлӣ баромад ва писару келинашро дида, мутаассир шуд; ба чашмонаш ашк давид. Вале ба зудӣ рўҳаш сабукӣ ёфт, гўё ҳаргиз пояш дард намекард. Ба чеҳраи хандон, ба қаду қомати мутаносиб ва либосҳои зебову гаронмояи онҳо нигариста, ҳай болид. Ба хусус ҷомадонро кушода, чанд кило қанду набот ва ҳамин мўзаи намадинро бароварда додани Мурод сари ўро ба осмон расонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё