УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Хез, очааш, ба ман либоси тоза деҳ. Душанбе меравам...
– Кўча баромада, гапи ёфтаатон ҳамин?
Дар ин яхбандӣ Душанбе рафта… чӣ кора буд мекунед?
– Писарат шаб ба хонаи раис занг задааст, ки падарам зуд биёяд...
– Хайрият?
– Намедонам, занак. Хотирам парешон шуд, ба саду як гумон рафтам, – гуфт пирамард ва беихтиёр ба хавозаи токи пеши айвону дарахтони себи рўи ҳавлӣ нигарист, ки дар зери барф монда, мисли одамони кулфатгазида маҳзун метофтанд.
– Хез, зуд бош! Ман камтар мева гирам.
Зан дастонашро пок карда, ба хона даромад.
Пирамард сабадча бардошта, сўи анбор рафт. Он ҷо дар се чойқуттӣ хеле себи тирамоҳиро ба реги бехта гўр карда, дар ду бари як болор шаст-ҳафтод сар ангури тоифиро ба мехчаҳо овехта монда буд.
Барои ҳар эҳтимол... Чандин сол боз одаташ ҳамин – як қисм себу ангури боғашро то охири зимистон нигоҳ медорад.
Вай ба таки сабадча каме хас партофта, реги аввалин қуттиро ба замин рехт. Ва аз он ду рада себи сурхи бенуқсро якта-якта дар кафи даст пок карда, ба сабадча андохт. Сипас қуттии холиеро чаппа гузошт ва болояш баромада, аз болор чанд сар ангур ҳам гирифт... Сабадча пур шуд. Аз ошхона як дастархони пашмин оварда, ба рўи сабадча партофт ва гирдогирди онро ба эҳтиёт, то ки ангур осеб набинад, ба дарун хаст. Ҳамин дам ба димоғаш лаҳзае бўи харбуза расиду сар бардошта, ба чор ҳадди сақфи анбори нимторик чашм давонд.
«Шояд ягонта монда бошад, фақат бўяш не... Ана, якта будааст».
Ў қуттии холиро ба кунҷи анбор бурд.
Боз болояш баромада, банди лухро, ки харбуза дар он овезон буд, аз мехи болор ҷудо кард ва назди дар оварда, дар равшанӣ ба ин тарафу он тарафаш нигарист. Харбуза аз пеши думчааш ба қадри ангушт вайрон шуда буд.
«Ҳеҷ қисса не, мебарам. Дар ин чиллаи зимистон харбузаи сиҳат дар куҷо?!»
Пирамард сабадчаву харбузаро, ки бардоштанаш осон шавад гуфта, лухашро накушода буд, аз анбор бароварда, дар таки айвон гузошт. Баъд сарулибоси тоза пўшида, ба умеди мошин кўча баромад. Вай то нисфи рўз дар дами дарвозаи ҳавлиаш истода, вазнашро гоҳ ба як пой ва гоҳ ба пои дигар андохта, бетоқат раҳ поид. Аммо қасд кардагӣ барин ягонта ҳам мошин намегузашт...
Пирамард умедашро канда, ба табъи ноҷўр акнун хона даромадан мехост, ки аз дур як мошини боркаш намуд.
«Худо хоҳад, корам омад мекунад», – чеҳрааш равшан гардида, аз дил гузаронд ў ва зуд даст бардошт.
Мошин омада истод. Чархҳои ақибаш занҷирпеч буданд. Дари кабина, ки болояш як ваҷаб барф дошт, кушода шуда, шофир берун баромад. Вай хеши дури пирамард буд.
– Бахайр, Абдурашид?
– То Хайробод, амак, боркашӣ. Саҳар рафта натавонистам, мошин вайрон шуд нохост...
– Мана ҳамроҳ намегирӣ? Акаи Муродат ҷеғ задааст.
– Ҷо банд-ку, амак. – Рашид ба ишораи сар кабинаро нишон дод. – Ҳамсояамон...
Писараш дар Хайробод зиндагӣ мекунад, тўй доштааст.
Пирамард инак дар кабина як пиразанро дид, ки аввал аз паси оинаҳои каме тира чашмаш нагирифта буд. Лаҳзае музтар монд, баъд катъӣ гуфт:
– Хайр, дар болояш меравам. Рашид лабханд намуд.
– Шамоли мошин ганда, хунук мехўред.
– Ту розӣ бошӣ, коре карда... то Хайробод мерасам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё