Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

–Ба ҳар ҳол беҳуда... Дарди маро донистан осон не. На духтур медонад, на ту...
Фақат худаму худо...
Воҳид ҳамон рўз инҷониб хафа мегардад. Ҳар дафъа, аз кор омадан баробар, дар саҳни ҳавлӣ ё дар айвон ташвишомез мепурсад, ки вазъи падараш чӣ хел. Духтур ягон гапи ганда гуфтагӣ барин. Агар не... Он бегоҳ ўро то сари кўча гусел карда, ба хона парешон баргашт.
Хомўш буд. Аз ин рў тоқаташ шикаста, пиразан маҳзун пурсид:
– Духтур чӣ гуфт? Додот чӣ касал доштаанд? Воҳид нимғурма ҷавоб гардонд, ки:
– Хаста шудаанд, пиригарӣ... Шумо осуда бошед. Эҳтимол аст вай ҳақиқати ҳолро пинҳон медорад. Намехоҳад модараш ба ҳар навъ тахмину гумонҳо рафта, пешакӣ ғам хўрад.
Наход...
Мўйсафед ба торикии пушти тиреза як чашм давонду «тавба кардам ба даргоҳат, худоё! Тавба...»
– гуфта, боз паҳлу гашт ва кафи дасташро ба зери чаккааш гузошт. Ў бисёр карахт буд: рўбарў нишастани кампирашро гўё намедид, пай ҳам намебурд. Хаёлаш ба Тўрон-тракторчӣ банд гардида, ду сол муқаддам, рўзи ҷўйтозакунӣ, ба вай сурху сафед шудани худро дар хотир меовард.
Ҳамон сол баҳорон сербориш буд. Қариб ҳар рўз шохборон мезад. Аз теппаҳои канори деҳа тез-тез сел омада, ҷўи калонро, ки аз саргаҳи ягона дарёчаи атроф об гирифта, боғоти мардумро шодоб менамуд, ба регу лой пур мекард.
Бинобар ин, баъде ки боронгарӣ кам шуд – ҳаво ҳам мулоим буд, – одамон маслиҳат андохта, қарор доданд зуд ба ҳашар мебароянд! Ва саҳари якшанбе аз ҳар оила яккасиву дукасӣ белу каланд бардошта, сари ҷўй рафтанд. Назарро ҳам ба ҳашар хабар карда буданд. Аммо вай – аз он ҷўй на танҳо боғи худаш, балки боғи писараш низ об мехўрад – гўшашро ба карӣ зад. Тамоми рўз дар хонааш хобида, бегоҳ, вақте ки пода аз чаро бармегашт, кўча баромада, дар суфачаи бари дарвозааш тасбеҳ гардонда нишаст.
Мардум тахмин пас аз ним соат, қариби намози шом, аз ҳашарҷо нишеб шуданд.
Онҳо, дар китф белу каланд, байни ҳам сўҳбаткунон гурўҳ-гурўҳ аз пеши Назар гузашта, хона ба хона мерафтанд. Ҷавонон эҳтимол пиронсолии ўро ба эътибор гирифта, ҳурматашро ба ҷо меоварданд, – салом медоданд. Вале аксарияти мўйсафедон, агарчи Назарро аз дур дида меомаданд, гўё барқасд... ҳатто ба тарафаш нигоҳ намекарданд. Фақат баъзе аз онҳо тасбеҳгардонии ўро як дам ба зери муояна кашида, дар тамкин:
– Монда набошед, домулло! – гўён фориғ ба роҳи худ мерафтанд.
Чунин муносибати мардумро вай борҳо дида буд; аҳамият намедод... Лекин он бегоҳ қаҳраш омад. Тохта аз суфача хест ва бари ҷомаашро ба зарда афшондаву тасбеҳашро дар киса андохта, акнун ба ҳавлӣ даромадан мехост, ки Тўронтракторчӣ:
– Ассалому алайкум, ҳамсоя, – гуфта, дар рўбарўяш таваққуф намуд.
– Ваалайкум ассалом, – табъаш хира, ҷавоб гардонд Назар.
– Ба ҳашар нарафтед? Ё ягон кор баромад?
– Саҳл тобам гурехт. Дар кўча ҳам, ана...
қуфли дил кушода нашуд. Сарам вазнин, аъзои баданам карахт. Дар китфам гўё санги осиё бор кардаанд.
Вай дурўғ гуфт.
– Нам кашидагистед, мегузарад, – ба рўи Назар лаҳзае чашм дўхта, Тўрон-тракторчӣ хомўш монд. Пас ба андешаи «мабодо иззати нафсаш коҳад» одоби муоширатро нигоҳ дошта, мулоим илова намуд: – Ҳамин хел будааст... ба дасти набераатон ягонта бел дода, писарам, ба ҷои ман ту рав гўед, намешуд?

пешина
аз 132
навбатӣ