Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дуруст аст, ки падару модари вай Назарро ба домодӣ нагирифтанд, ноумед карданд. Лекин ў наранҷид, ба тухми духтар қаҳт наомадааст гуфту монд.
Зеро аввалҳо ақида дошт – ба вай қатъи назар аз кӣ буданаш... зан бошад, кифоя.
Рухшона нею духтари дигаре. Фарқаш чӣ?
Аздусар ба ҳама падару модари деҳа домод шуда наметавонад. Аммо баъд... гўё ногаҳон Рухшонаро ба Тўрон номзад карданду вуҷуди Назарро як ҳисси хунук ва ноошно фаро гирифт. Ва он ҳис рафтарафта, ба кирм табдил ёфт; кирме ки абадӣ дар қалбаш хона гузошт. Агар аз ҳавлии Тўрон-тракторчӣ ду шаб болоиҳам бўи палав ояд, вай худ ба худ таҷанг шуда, дарунашро мехўрд. Бо вуҷуди ин, ҳангоме ба Тўрон рўбарў меомад, сир бой намедод; мекўшид, ки ў аз ҷунбиши он кирми дилаш ҳеҷ гоҳ пай набарад... Аҷаб, охир, Назар-ку Рухшонаро дўст намедошт, умуман дар тўли зиндагиаш ба ягон зан меҳр монда натавонист. Пас чаро... Рост мегуфтаанд – дўст доштан ҳунари ҳар кас не. Инсоне ки ба меҳру вафо қодир аст, бояд табиатан аз бухлу ҳасад ва кинаву кудурат пок бошад.
«Ҳа-а, бухлу ҳасад, кинаву кудурат», – зери лаб пичирос зад мўйсафед, нохост ба чарои худ посух ёфта. Вай бахил буд. Ва ба он кўи паст ман Рухшонаро гирифта натавонистам гуфта, ба Тўрон рашк бурда, яқин аз ғояти бахилӣ қадам гузошт... Бале, тамоми умр бахил буд Назар. Ба дараҷае ки ҳатто ягон кас ба ягон одами дуруст ҷўрагӣ кунад, «ман аз кӣ кам, барои чӣ ин зот ба вай дўстӣ дораду ба ман не?» – гуфта, дилу ҷигараш қути мору каждум мешуд. Рафту касе ниҳоят хурсанд намояд ҳам, «чаро даҳони ин одам то баногўшаш мерасаду даҳони ман не?» – гуфта, ғашаш меомад. Бешак, оғози кулли пастиҳои ў аз бахилӣ буд.
Оё Тўрон ҳоло он воқиаро дар хотир дорад?
Мўйсафед ҳайрон шуд, ки барои чӣ то имрўз ақалан як дафъа дар ин хусус фикр накард. Чаро то кунун ягон бор ба худ нагуфт: ҳой, мардак, бишину зиндагиатро ба ёд оварда, ҳама неку бадатро дар паллаи тарозу гузор ва бин – кадоме вазнинтар аст.
Вай оҳ кашида, дар дил ҷавоб гардонд, ки ба ин кор вақт надошт. Ҳатто ба гўшаи хаёлаш намерасид – як рўз не, як рўз аз умраш соатҳои башумор мемонанду ана ҳамин тавр, хоҳад-нахоҳад, неку бадашро ба хотир меорад. Вай ин табиати азалии одамизодро гўё намедонист. Ҳамеша, ба кадом роҳе ки бошад, дар ғами яктаашро дута кардан буд. Аз қабристон гузарад, устухон мебурд, аммо чашмаш ҳаргиз сер намешуд. Мехост, ки танаш аз ҳама ободтар, шикамаш сертар ва давлаташ бештар бошад. Дигар ғаме надошт, гўё аз модар маҳз барои сарват ғундоштан ба дунё омада буд. Ҳоло, дар дами пирӣ, ана... ҳама чизаш ҳаст. Иморати дабдабаноку боғи калон дорад, гаву гўсфанд дорад, қаторқатор қолину гилем ва пули бисёр дорад; боз... писару духтар ва набераҳо дорад.
Хулоса, мўйсафед ба ҳеҷ чиз мўҳтоҷ не! Бо вуҷуди ин вай гадоро мемонад. Сабабаш – кори неку номи нек надорад. Кас, охир, кори неку номи нек надошта бошад, пас ягон чиз надорад.
Бисёри онҳое ки Назар дар ҳар хел вақту ҳар гуна шароит ба дилашон доғ зада буд, инак дар қайди ҳаёт нестанд. Мондаашон мисли худаш пир шудаанд, – қариб ҳамаи онҳо якбориву дуборӣ, балки зиёдтар омада, ўро хабар гирифтанд. Пагоҳ ҷон ба ҷаббор диҳад, эҳтимол аз пушти тобуташ низ мераванд. Бале, мераванд ҳатман... Соле ки Назар писарашро суннаттўй кард, мардуми деҳа аксарият ба ҳавлиаш қадам нагузоштанд. Ва ошаш дар дегу нонаш дар дастархон ҳайрон монданд. Лекин шаб ё саҳар аз дунё чашм пўшад, онҳо бетаъхир меоянд.

пешина
аз 132
навбатӣ