УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Мўйсафед рўзи ба аскарӣ рафтани ўро бармало дар хотир дорад. Зеро Султон...
вақте ки саҳарӣ, дар китф кўлбори бавасла, аз назди дастгоҳи Назар гузашта, ба маркази ноҳия мешитофт, як сари қадам ба ҷои нишасти вай даромада, махсус гуфта буд:
– Ана, ман меравам, амак...
– Медонам, – зуд сухани Султонро бурида буд ў, – сиҳат рафта, саломат баргард.
– Ташаккур. Фақат илтимос, ки...
– Ҳай-ҳай, шунавем.
– Худатон медонед, модарам дер боз бемор. Дар хона қариб ҳеҷ чизи хўрданӣ нест. Чӣ мешуд, агар...
– Ҳозир хас ҳам дода наметавонам.
– Ман намегўям, ки ҳозир диҳед. Фақат...
ба ҳафтод рўзи меҳнатам ҳақ нагирифтаам. Мабодо тирамоҳ, вақти ғаллатақсимкунӣ, фаромўш нашавад гуфта...
– Ин гапи дигар.
– Илтимос, амак, ҳаққи маро ҳатман ба модарам расонед. Худо раҳмашонро хўрда, то он рўз сиҳат шаванд, балки худашон омада мегиранд.
– Ту хотиратро ҷамъ дор. Ман ҳамин ҷо бошам, модарат гурусна намемонад. Ғайр аз ин… сари ман чандта, ки ҳаққи аскарро фаромўш кунам?
Лекин вай, агарчи феълан ҳам ваъдаашро фаромўш накарда буд, тирамоҳ ҳаққи Султонро ба модараш нафиристод; ҳаққи ўро ба як ошнои худаш дод. Ҳатто занак дар рўзи сарди зимистон касалокасал пеши Назар омада, ба қавле мурдаашро партофта, дар домани ҳазор илтиҷо расамати писарашро пурсида бошад ҳам, вай ду-се кило орди ҷавро ба он аёли мўҳтоҷ раво надид.
«Анбор холӣ – ман чӣ кор кунам, аз куҷо ёфта диҳам?» – гуфту монд.
Баъд аз ягон ҳафтаи ин воқиа пойкори деҳа вақти азон дарвозаи Назарро тақ-тақ кўфта, хабар овард, ки зани Хуррами мисгар шаб раҳматӣ шудааст, марҳумро ба хок супурдан лозим. Назар хоболуд буд, ҳар замон хамёза мекашид. Аз ин хабари нохуш ақалан мижааш хам нахўрда, ба пойкор, ки либосаш аз барф сап-сафед, дар ҳавои хунук дандон ба дандон мезад, вай қатъӣ гуфт:
– Худатон гўру чўб кардан гиред, дар сари қоқи ман ҳазору як ташвиш. Болои ин...
дар деҳа қариб ҳар ҳафтаи худо мурда ҳаст.
Ман агар ба ҳамааш равам, кори калхози сабил чӣ мешавад?!
Ва ба итоб дарвозаро сахт баста, бе ҳеҷ парво ба хонааш даромаду то чоштгаҳ дароз хобид.
Аввали баҳор аз Хуррами мисгар хати сиёҳ оварданд. Назар онро аз дасти хаткашон гирифта, дар дил «зинда баргаштани писараш ҳам гумон», – гуфт ва тамоман осуда гардид, ки мабодо ҳаққи аскарро хўрдани раис ягон вақт ба гўши одамони дахлдор расад, дар ҷавоб «ба модараш дода будам», – мегўяду ҷонашро халос мекунад. Аммо хабари ин ҳодисаи нангин ба гўши одамоне ки Назар аз онҳо бисёр метарсид, нарасида бошад ҳам, ба гўши худи Султон расид; вай пас аз тамом шудани ҷанг, гуё барқасди Назар, чӣ хеле ки сиҳат рафта буд, ҳамон хел саломат баргашт...
Мўйсафед хуб дар ёд дорад: Султон гашти рўз ба деҳа қадам монду рўзи дигар, саҳарӣ, дар шасту итоб ба коргоҳи ў даромада, як дам дар рўбарўяш хомўш истод. Сипас ду қадам пеш партофта, кафҳои фарохашро ба ду гўшаи мизи Назар гузошт ва андак хам шуда, ба рўи вай, ки рангаш канда, дар курсии нимшикаста карахт менишаст, ба танаффур чашм дўхта:
– Амаки Юф! – гуфт. – Ноодамии шуморо то охири умр дар хотир медорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё