УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Замоне Тўрон-тракторчӣ дар як маҷлис «аз даматон фуроед, мўҳтарам Ҷобиров.
Зиндагӣ чумчаи банавбат, имрўз дар ихтиёри шумо бошад, пагоҳ дар ихтиёри каси дигар», – гуфта, эҳтимол ҳамин рўзи Назарро пеши чашм дошт? Ҳар оина...
гапи Тўрон рост будааст. Зиндагӣ агар чумчаи банавбат набошад, баъдтар оё ҳашт калхозро якта карда, ба дасти Султони бесару бекас месупурданд?
Тавба! Назар дар он маҷлис ба гапи Тўронтракторчӣ дар заҳрханд гўш медоду «аҳмақ будаӣ ту зоташ паст, – мегуфт дар дил. – То даме ки худо маро бандааш мехонад, давр меронам. Рафту ягон рўз аз аспу амал фуроям ҳам, пул ки дорам, ғам намехўрам. Ту ба ман кордор набош; ту бемалол носатро кашида, дар ҳамон трактори шалақ кашола шуда гаштан гир!»
Вале имрўз мўйсафед нохост фаҳмид:
дар зиндагӣ ҳам Тўрон ва ҳам они дигар, ки ў аҳмақашон меномид, аҳмақ набудаанд; худаш соф аҳмақ будааст. То алҳол пай намебурдааст, ки тамоми умр аз ҳар кирдори бадаш бе мулоҳиза чашм пўшида, буду шуди худро ба доми фиреб андохтааст. Инчунин вай эҳсос намуд – агар ҳозир дарди дилашро ба ягон кас нагўяд, ё ҳеҷ набошад, аз ягон нафари онҳое ки дар ҳаққашон бадиву бахилӣ карда буд, узр напурсад, дар гўраш ҳам дигар ором гирифта наметавонад.
Ба хона писараш даромад.
– Рафт? – пурсид мўйсафед, нигоҳашро аз ў гурезонда.
– Ҳа-а... – гуфт Воҳид.
– Барои чӣ ин қадар зуд?
– Саросема буд, кораш бисёр.
– Хайр... Тўрон-тракторчӣ дар хонааш бошад?
– Намедонам.
– Рафта як хабар гир, писарам. Бошад...
гўй, ки аҳволи падарам бад, шуморо мепурсанд.
– Хуб.
Воҳид дар тавозўъ аз хона баромад.
Мўйсафед ба тарафи кампираш, ки такя ба девор дода, пакару андешаманд менишаст, назари хоҳиш давонд. Пиразан нигоҳи ўро ҳис кард ва гўё садои ногаҳоне хаёлашро бурида бошад, бесаришта як ҷунбид. Пас гўшу ҳуш гардида, ба мўйсафед чашм дўхт.
– Ҳамон халтачаро ин ҷо биёр.
– Кадом?.. – нафаҳмид пиразан.
– Дина дода будам.
– Гўр ҳушам шавад, фаромўш кардаам, – гуфт ў ва бархоста, аз таҳмон, аз қати қолини зери кўрпаву кўрпачаҳо, як халтачаи чармихомии равғанхўрдаро, ки даҳонаш маҳкам баста буд, базўр гирифта, назди шавҳараш монд.
– Шин...
Пиразан оҳиста нишаст.
Мўйсафед банди халтачаро кушоданӣ шуда, фурсате ҷунбуҷўл дошт. Аммо натавонист: ангуштони хушку бемадораш ба вай итоат накарда, барги бед барин меларзиданд. Ниҳоят аз халтача даст кашид ва гуфт:
– Кушо...
Дина мўйсафед дар азоб аз ҷогаҳаш хеста, ҳамин халтачаи бадрамонандро аз сўрохии гўшаболори анбор, ки онро худаш чанд сол пеш барои пинҳон доштани баъзе «чизҳои дар рўзи сиёҳ даркораш» махсус кофта буд, берун оварда, ба кампираш дод. Ва ба нигоҳи суоломези ў ҷавоб гардонд:
– Рафту пагоҳ қарзи бандагиро ба ҷо гузорам, инро ба Воҳид супор; гўй, ки бисоти падарат, насиби ту будааст.
...Пиразан халтачаро кушода, ба маънии «боз чӣ кор кунам?» аз шавҳараш чашм намеканд.
– Холӣ кун.
– Дар болои гилем?!
– Бале.
Пиразан халтачаро холӣ кард ва амиқ як оҳ кашида, аз нав дар ҷояш нишаст.
Мўйсафед ба ду даста пули бино монда, ба риштаи ғафс бастаи яктааш фақат панҷоҳсўмаву дигараш биступанҷсўма, чанд ангуштарину дастпонаи тилло ва соати кисагии қадима, ки сарпўшаку занҷирчаи нозук дошта, низ тиллоӣ буд, фурсате назар дўхта, бадард андешид: аз соҳибони ин ангуштарину дастпонаҳо, ки ҳар кадомашро вай дар замони ҷанг ба ивази ду-секило ғалла, ё худ ду-се газ карбос ба чанг оварда буд, ҳоло аксарият дар қайди ҳаёт нестанд. Қисми зиёди ана ин ҳашт ҳазор сўм низ ҳаром аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё