Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
рафта мерасаду ҳоло аз доираи таркиби луғавии забонҳои эронӣ хориҷ гардидаанд, дар забонҳои туркӣ басо густариш доранд. Аз зикри шоҳиди бисёр худдорӣ намуда, танҳо сарнавишти вожаи «олма»-ро (себ) ёдовар шуданием. Ин унсури луғавӣ шакли таҳаввулёфтаи вожаи amlu-и ҳиндуаврупоист (ниг. 15, ҷ. 2, с. 639). Маънои ибтидоии ин калима ҳоло дар забонҳои финноугорӣ маҳфуз мондааст, ки он аз тариқи забонҳои эронӣ иқтибос гардидааст. Ин гуна мансубдониҳои моли як забон ба забони ғайр на танҳо дар доираи робитаи забонҳои гурӯҳи эрониву туркӣ ба назар мерасад, балки чунин муносибат дар мавриди забонҳои афроосиёӣ бо эронӣ низ дида мешавад. Масалан, сарчашмаи вожаи марзбонро, ки ба забонҳои русӣ (марципан), полякӣ (marcupan), чехӣ (marcipan), немисӣ (marzipan), итолиёвӣ (marzapane) роҳ ёфтааст, луғатшиноси машҳури немис Макс Фасмер арабӣ ба шумори овардааст (ниг. 74, ҷ. 2, с. 576), ҳол он ки ин вожа дар осори куҳани эронӣ фаровон дучор меояд.
Як вижагии корбурди аносири ориёиасл дар забонҳои ҷаҳон ин аст, ки онҳо баъди духул ба он забонҳо тобишҳои нави маъноиро соҳиб гардидаанд. Мисол, калимаҳои ҷаҳон, обхӯр дар забони уйғурӣ ба ҷуз маънои аслиашон боз ба маъноҳои «боигарӣ» ва «пиёла» (бир апкур су) мустаъмаланд.
Як нуктаи дигар ин аст, ки дар бисёр мавриди ҳодисаҳои ба гунаи архаистӣ истифода шудани аносири луғавии ориёиасдро дар забонҳои ғайриэронӣ, вале дучори таҳаввулоти шаклӣ шуданашонро дар худи забонҳои эронӣ метавон пайдо кард. Чунончӣ, дар забони русӣ дар баёни маънои «шахси закӣ» вожаи сдукарь истифода мешавад. Асли он аз «yātu-kara»-и ориёист, ки маънои «мӯъҷизачӣ»-ро дошт, аммо ин воҳиди луғавӣ дар забонҳои эронӣ, бахусус, тоҷикӣ ба гунаи ҷодугар мавриди истифода қарор дорад.
Ба ин тариқ, қавми ориёӣ ва меросбарони эшон аз айёми басо куҳан то имрӯз дар равнақи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазоворе гузошта, на фақат барои нерӯманд гардидани забони хеш заминаҳои мусоид фароҳам оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё