Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
роҳ ёбад. Аз як ахбори муҳаққиқи илми топонимика В.В.Никонов мусаллам мегардад, ки вожаи мазкур ба забони русӣ танҳо пас аз қарни XVI роҳ ёфта (ниг. 44, с. 295), ибтидо дар шакли
«-гард» ва баъд мутобиқи қонуну қоидаи забони номбурда ба гунаи
«-град» мустаъмал шудааст. Аҷиб аст, ки ҳам дар забонҳои эронӣ, ҳам славянӣ ин унсур бештар ба номи ашхос замима гардидааст (Димитровоград, Михайловоград, Ленинград, Сталинград, Петроград...).
Тавре ки қаблан ишора гардид, силсилаи зиёди ин гуна аносири луғавӣ таҳти таъсири омилҳои мухталиф «либос»-и ибтидоии худро иваз карда, имрӯз ба таври шинохтанашаванда таҳаввул ёфтаанд: чорвоқ-чорбоғ, чиммат-чашмбанд (дар забони узбекӣ); жад-ед, кус-гувоҳ, пибик-чӯб (қазоқӣ), байбақт-бебахт, бейжай-беҷой (дунганӣ), сатрап-сартарош, шэпирэн-шабнарак (уйгурӣ), меневше-бунафша, кягит-коғаз, гироз-гелос (тоторҳои Крим). Дар ин хусус таҳаввулоти аносири орисиасро дар забонҳои туркӣ метавон алоҳида қайд кард. Имрӯз дар забонҳои эронӣ, амсоли тоҷикӣ корбурди бисёр вожаҳо ба назар мерасанд, ки ба пиндори гурӯҳе аз аҳли пажӯҳиш моли забонҳои туркӣ ба шумор меоянд. Ҳатто дар чунин луғатномаи мӯътабар, мисли «Фарҳанги забони тоҷикӣ» вожаҳои ӯрдак, юғ ва даҳҳо аносири дигар туркӣ ҳисобида шудаанд (ФЗТ, ҷ. 2, с. 625, 709). Ҳанӯз ибтидои солҳои 90-уми қарни ХХ муҳаққиқ Д.Е.Еремеев бунёди эронӣ доштани калимаҳои туркишудаи беш, бир, туман, айрон, бег, бой, мерган, қурут ва монанди инҳоро исбот карда буд (ниг. 23, с. 129-135). Мутолиа ва пажӯҳиш нишон медиҳад, ки шумораи ин гуна аносир фақат бо чунин калимаҳо маҳдуд намешавад, балки теъдоди онҳо, чун воҳидҳои луғавии қудуқ, ота, она, ана, қаро, қалин, эчки, эпак, келин, қоқ, кӯк, бӯри, ӯт, ҷурид, турпа ва монанди инҳо хеле зиёданд. Решаи эронии ва гузашта аз он ориеӣ доштани ин гуна вожаҳоро худи туркшиносон, мисли Э.В.Севортян исбот кардаанд. Андеби чунин аносири луғавӣ, ки сарчашмаашон ба даврони ориеӣ ва гузашта аз он замони ҳиндуэрупоӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё