Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
пайдоиши калимаи мазкур нақли зерро овардааст: Маҳастӣ ба туфайли ақлу адаб ва дониши пурвусъати хеш дар назди султон Санҷари Салҷуқӣ эҳтироми беандозаро соҳиб будааст. Вақте ки султон Санҷар оиди умуроти кишвардорӣ аз Маҳастӣ маслиҳат мепурсад, шоира баъди ибрози назари худ чун нишони хоксирӣ таъкид менамояд, ки: «Ман аз канизони кеҳи султон ҳастам. Вале султон, ки аз маслиҳати оқилона ва соҳибтадбиронаи дабира ба ваҷҷ омада буд, мегӯяд: «Ту кеҳ (хурд-Ҳ.А.) не, балки меҳ (бузург-Ҳ.А.) ҳастӣ» (41, с. 103).
Бархе аз аҳли адаб вожаи мавриди таҳлилро «Меҳастӣ» хонда, онро ба ҷузъҳои меҳ (бузург) ва ситӣ таҷзия намудаанд ва ҷузъи дувумро шакли таҳфифёфтаи «саидатӣ» қаламдод кардаанд (20 с.53). Ҳатто луғатновис ва муҳаққиқи тавонои Эрон Муҳаммад Муин оиди калимаи мазкур чунин изҳор медорад: «Моҳситӣ = Моҳ+ситӣ (мухаффафи саидатӣ), Моҳҳонум, Моҳбону; номе аст аз номҳои занон» (40, ҷ.4, с. 4471).
Дар «Оташкада»-и Лутфалибеки Озар омадааст, ки «Меҳситӣ калимаи мураккаб аст, чи маҳ... мухаффаф аз «моҳ» ва ба касри мим ба маънии «бузург» аст ва «ситӣ» мухаффафи сират аст, ки дар ин замон «хонуми бузург» мегӯянд» (36, с.366).
Ба ин тариқ, алоқаманд кардани асли тахаллуси шоираи Хуҷандӣ бо ҷумлаи «меҳ ҳастӣ» ё аз ҷузъҳои меҳу ситтӣ ва меҳу сират иборат донистани он, ба эҳтимоли қавӣ, мавриди тааммул аст. Ба назари мо, чунин шакл доштани калима решаи амиқи таърихӣ дошта, сарчашмаи онро аз сангнавиштаву пӯстнавиштаҳои ҳазораҳои пеш аз мелод ва садаҳои мелодӣ бояд ҷуст. Барои ба таври возеҳ ошкор кардани асли баромади вожаи Маҳастӣ ёдовар шудани як ҳодисаи ғайриҳи забони тоҷикӣ айни маврид аст.
Дар забони умумиэронӣ, ки ҳудуди хронологияи онро эроншиносон байни ҳазораҳои III ва ё нимаи аввали ҳазораи II п.а.м. ҳисобидаанд ва баъдан иддае аз забонҳои эронии қадим (порсии қадим, авестоӣ), ки сарчашмаи худро аз умумиэронӣ гирифтаанд, сифатҳо чун забони ҳозира, агарчӣ дорои се дараҷа буданд, вале аз лиҳози тарзи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё