Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ташаккул фарқ мекарданд. Калимаҳо дар дараҷаи оддӣ аз ҷиҳати шакл бо ҳолати муқаррарии вожаҳо баробар буда, вале зуҳури дараҷаҳои қиссиву олӣ вижагиҳои ташаккули худро доштанд, ки дар адвори баъдӣ яксара матрук шудаанд. Чунончи, дар давраи қадим ду роҳи пайдоиши дараҷаи қисси маълум буд:

  1. бо роҳи ба реша ҳамроҳ кардани пасванди -йаҳ сохта мешуд: камнайаҳ (камтар), аз «камна» (кам)-и умумиэронӣ; касийаҳ (хурдтар), аз касу (хурд); масийаҳ (калонтар) (калон); васийаҳ (бештар) аз вас (беш), ваҳйаҳ (беҳтар), аз ваҳу (хуб).

  2. бо роҳи ба реша ҳамроҳ гаштани пасванди -тара ташаккул меёфт: фратара (пештар), аз фра (пеш), акатара (бадтар), аз ака(бад); апатара (дуртар), аз апа (дур).

Баъдтар ин шакли сифат дучори ҳодисаи лексикализатсия шуда, суффикси дараҷаи қиссисози -йаҳ дар давраи миенаи мансулияти забонҳои эронӣ дар шакли садоноки тағирёфтаи таркиби калима боқӣ монд: камнайаҳ-кем, касийаҳ-кеҳ, масийаҳ -меҳ, васийаҳ-беш, ваҳйаҳ-беҳ.

Дар забони умумиэронӣ ва баъдан забонҳои қадимаи эронӣ, бахусус порсии қадим ва авестои ду роҳи зуҳури дараҷаи олӣ сифат низ вуҷуд дошт:

  1. бо роҳи ба реша ҳамроҳ гаштани пасванди- тама: фратама (пештарин), аз фра (пеш), акатама (бадтарин) аз ака.

  2. бо роҳи ба реша ҳамроҳ шудани пасванди -ишта, наздишта, ки баъдан шакли «наздист»-ро гирифт; барзишта, сони аз он гунаи «болист» боқӣ монд; касишта, ки баъдтар гунаи «каҳист»-ро гирифт, камбишта, ки баъдан шакли «камист»-ро қабул кард, ваҳишта, ки баъдтар гунаи «ваҳист»-ро соҳиб шуд.

Ба ин тариқ, дар адвори баъдӣ аз чор пасванди дараҷаҳои қиссиву олисоз танҳо унсури -тара ба тупаи тар давом карда, дигарҳо аз байн рафтанд, вале иддае аз онҳо дар шаклҳои ба худ хос дар таркиби воҳидҳои луғавӣ ба ҳайси овозҳои муқаррарии онҳо боқӣ монданд. Чуи далел метавон тақдири пасванди -«ишта»-и қадимро мисол овард. Ҳоло дар забони тоҷики апосири луғавии биҳишт (аз

пешина
аз 63
навбатӣ