Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дошт, тибқи қонуни ҳамаи забонҳои ҷаҳон ба ғ табдил мекарданд, ҳамчунон ки ба забони арабӣ ج j мешавад ва р бадал ба f мегардад»(ниг.83, с.812).

Ин андешаи муҳаққиқро бо як факт тақвият доданӣ ҳастем. Воҳиди луғавии фил, ки дар адабиёти классикӣ бештар дар шакли пил мустаъмал буд, аслан моли забони аккодӣ буда, дар забони мазбур гунаи pilu-ро дошт. Калимаи мазкур ба забони порсии қадим дар шакли piru иқтибос шуда, дар адвори баъдӣ сурати pil-ро пазируфт. Вале, чунон ки дар поён хоҳем гуфт, иддае аз унсурҳои забонҳои бегона, ки дар таркибашон ҳамсадои l-ро доштанд, бо ҳамон шакли аслии худ ба забони порсии қадим дохил гаштанд. Ба ҳайси мисол метавон вожаи Лубнопро зикр кард, ки дар шакли Labnāna ба забони ёдшуда иқтибос шуд (ниг. 47, саҳ. 244).

Аз қайди эроншиносон маълум мегардад, ки чунин иқтибосҳо одатан дар ифодаи номҳои ашхос ва ҷуғрофӣ истифода мешуданд (ниг. 49, саҳ. 106). Ақидаи мазкур дар тадқиқотҳои эроншиносони дигар низ ба қайд омадааст (ниг. 47, с. 150; 11, с. 20). Муҳаққиқон Р. Ҳ. Додихудоев ва Л. Г. Герсенберг перомуни ҳамсадои забони порсии қадим назари хешро баён карда, навиштаанд, ки дар он боз сонантҳо вуҷуд доштанд. Ба қатори сонантҳо муҳаққиқони номбурда дар қатори сонантҳои u, v, r, m, n овози l-ро низ мансуб донистаанд (ниг. 22, с. 36). Муҳаққиқони дигар низ овози мазкурро ба қатори сонантҳо дохил кардаанд (ниг. 47, с. 20). Муҳаққиқ Ҳюбшман овози l-и порсии қадимро бо l-и ҳиндуаврупоӣ алоқаманд кардааст, вале ин ақидаи ӯро ҳиндуаврупошиносону эроншиносони дигар дастгирӣ накардаанд. Бегонагии ин овозро барои забонҳои эронӣ аз ҳамин ҳам фаҳмидан мумкин аст, ки он дар забони авестоӣ умуман вуҷуд надошт. Ин аст, ки дар алифбои авестоӣ аломатеро барои ифодаи ин овоз дучор намеоем (ниг. 45, с. 106; 47, с. 150, 244; 48, с. 20). Вале дар забони порсии қадим, чунончи ёдрас шуд, ба мӯҷиби духули чанде аз воҳидҳои луғавии иқтибосӣ дар натиҷаи тағйир додани яке аз унсурҳои аломати ҳамсадои r ҳарферо барои ифодаи ин овоз эҷод карданд (ниг. 45, с. 106). Аз ин ҷиҳат ҳақ ба ҷониби

пешина
аз 63
навбатӣ