Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
дорад, зеро чунин тарзи таҳлил кай, дар кадом шароит, чӣ гуна пайдо шудан, кадом роҳи покамюрро тай намудан ва имрӯз ба чӣ табдил ёфтани онҳоро ба хонанда возеҳу равшан мегардонад. Дар ҳар забон на танҳо воҳидҳои мустақилмаъно, балки «хишти бинокорӣ»-и онҳо, яъне овозҳо низ дорои саргузашти вижае буда, сайри аҷиберо аз сар гузаронидаанд.
Маълум аст, ки муҳаққиқони илми садошиносӣ миқдори овозҳои ҳамсадои тоҷикиро 24 адад дониста, хусусияти мухталифи онҳоро аз нигоҳи тупогун муайян сохтаанд. Вале то ҳол дар забоншиносии тоҷик як силсила масъалаҳои мавҳуми овозшиносӣ нигарони таҳлилу тадқиқ буда, мавриди таҳлил қарор гирифтанашон дар ифшои гиреҳи муаммоҳои ин бахши илми забоншиносии тоҷик кӯмаки калон мерасонанд. Дар ин мухтасар танҳо аз хусуси таърихи зуҳури як ҳамсадо чанд нукта арзёбӣ хоҳад гардид. Чунон ки таъкид гашт, имрӯз дар забоншиносии тоҷик ҳисоиси ҳамсадои ӯ дар силки овозҳои дигар аз чанд ҷиҳат мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳаққиқон ба ин хулоса расидаанд, ки он ягона ҳамсадои апикалии баррахиани забони тоҷикист. Вале табиист, ки муҳаққиқони тоҷик роҷеъ ба замони зуҳур, сайри таърихии он чизеро сурат напурсидаанд, зеро эшон дар назди худ чунин мақсад нагузоштаанд. Таваҷҷӯҳ ба гузаштаи ин ҳамсадо моро водор месозад таъкид намоем, ки ӯ ба аксари забонҳои эронӣ, бахусус тоҷикӣ дар давраи сонии мавҷудияташ роҳ ёфтааст. Дар ин замина андешарониҳои ҳиндуаврупошиносону эроншиносони зиёдеро метавон зикр намуд. Чунончи, муаллифони асари ҷомеи «Асосҳои забоншиносии эронӣ» таъкид кардаанд, ки овози ӯ, ки дар забони ҳиндуаврупоии қадим вуҷуд дошт, дар давраи ориёӣ дар забон барҳам хӯрда, вазифаи онро ҳамсадои ғ иҷро мекард (ниг. 47, с. 244; инч. ниг. 49, саҳ. 82).
Дар ин хусус як қайди муҳаққиқи тавонои Эрон Фаридуни Ҷунайдӣ низ басо бамаврид аст, ки менависад: «Дар забонҳои ориёӣ ва эронии бостон ҳарфи ӯ вуҷуд надошта ва ба мурур ҳарфи ғ-и бархе аз вожаҳо мубаддал ба ӯ шуда... Эрониёни бостон вожаҳои хориҷиро, ки дар худ ӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё