Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
туркигашта дар забони адабӣ мавриди истифода қарор доранд, аммо баъзеи дигар танҳо дар гӯишҳо маҳфуз мондаанд. Ба ҳайси далел метавон воҳидҳои луғавии буккак, бӯхча буққа, буқ-буқ, буққас ва буғмаро ёдовар шуд. Асоси вожаҳои буккак ва бӯхчаро калимаи ориёии bhauga ташкил дода, он, дар навбати худ, аз унсури луғавии bheug-и ҳиндуорипоии қадим сарчашма гирифтааст. Ин шакли ориёӣ минбаъд дар забонҳои мухталифи эронӣ ба гунаҳои ваҷ-1, ваҷ-к идома ёфтанд ва имрӯз бо роҳи табдили овозҳои алоҳидаи таркибашон ба шаклҳои туркӣ buq (мунҷонӣ) buq\baq (шуғнонӣ), buǧča (аксари лаҳҷаҳои шимолӣ), бӯхча (гӯишҳои дигари тоҷикӣ) дар гардишанд.
Аммо гурӯҳи вожаҳои буққа, буқ-буқ ибтидои худро аз b(h)auk-, b(h)uk, b(h)aug гирифта, решаи онҳо, дар навбати худ, ба унсури ҳиндуорипоии қадим bhukko рафта мерасад ва дар забони ҳиндии бостон аз он bhuk дар басни маънои «бонг», bukka «буз», bukkati, buikkayati «аррос задан, аккос кардан» пайдо гардидаанд. Туркӣ набудани асли пайдоиши чунин вожаҳоро ин нукта низ собит месозад, ки унсурҳои луғавии тазаккурёфта имрӯз дар аксари забонҳои эронӣ бо каме тафовути овозии мустаъмаланд.
Ба ин тариқ, калимаҳои тоқӣ ва кучуқ низ аз лиҳози пайдоиш бо забонҳои туркӣ иртибот надошта, бунёди худро аз асоси луғавии ориёӣ гирифтаанд. Агар вожаи аввал дар катибаҳои порсии қадим ба шакли taka (дар таркиби калимаи мураккаби takabara «тоскулаҳпӯш») мавриди истифода қарор гирифта бошад, пас унсури луғавии дуюм гунаи таҳаввулёфтаи калимаи kti-и шарқӣэронӣ ба шумор меояд (ниг. 1, ҷ. 1, с. 605; ҷ. 3, с. 229), ки ҳоло на танҳо дар аксари забонҳои муосири шарқӣэронӣ, балки умуман забонҳои ҳиндӣ-эронӣ, амсоли финну-угорӣ (венгерӣ kutya «саг»; коми (перм - kuti), забонҳои славянӣ (русӣ кутя, кутенок «сагбача»; булғорӣ kučë, сербӣ kučë «саг») ба таври вусъатнок гардиш дорад. Дар қатори чанд забони эронии дигар (мисли курдӣ küčik, балуҷӣ kučāk «сагбача») ба забони тоҷикӣ низ ин вожа, ба гумони ғолиб, ба воситаи забони туркӣ (<küčük «сагбача») дохил гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё