Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
грамматика ва ба таври возеҳ надонистани вазифаи категорияҳои грамматикӣ, дуруст аз худ накардани қоидаҳои калимасозию калимабандӣ, ба инобат нагирифтани мантиқи сухан ва монанд инҳо рӯй додааст. Ҳар каси хоҳандаи баёни каломи сиҳатро новобаста ба касбу кораш зарур аст, ки грамматикаро омӯзад. М.В.Ломоносов ҳанӯз дар садаҳои гузашта маҳз ба ҳамин ҷиҳати масъала таваҷҷӯҳ зоҳир карда, аҳамияти омӯзиши грамматикаро чунин нишон дода буд: «Бе грамматика наттоқӣ заиф, назм сақав, фалсафа бебунёд, таърих кареҳ, ҳуқуқшиносӣ шубҳаовар аст»(ниг.24, с.155).
Чунон ки ёдрас шуд, имрӯз дар забони мо нуқси зиёд вуҷуд дорад. Яке аз сабабҳои чунин нуқсҳо то ҳол ба таври комилу дақиқ ба риштаи таҳлил кашида нашудани ташаккули паҳлӯҳои мухталифи қолабҳои ифода, ба хусус ибора вобаста аст. Аз ин ҷиҳат ҳақ ба ҷониби муаллифони «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» аст, ки навиштаанд: «Омӯхтани вазифаю қоидаи истисмори шаклҳои калимаҳо, муқаррар кардани қонунияти истифодаи онҳо барои сохтани ибора ва ҷумла аз масъалаҳои хеле муҳим ва ҳанӯз тадқиқнашудаи синтаксиси забони тоҷикӣ ба шумор меравад» (17, с.18).
Хушбахтона, солҳои охир дар атрофи ин масъала баҳсҳои тӯлоние сурат гирифта, асарҳои арзишманд ба табъ расидаанд. Вале бо вуҷуди ин дар ин самт кор ҳоло бисёр аст. Дар иртибот ба масъалаи мазкур месазад, ки як нукта таъкид карда шавад. Аҳли адаб бояд диққати хешро ҳангоми баррасӣ намудани масъалаҳои ҳусни сухан ба он равона созанд, ки иддае аз нуқсҳо кай, ба чӣ сабаб ва таҳти таъсири кадом омилҳо пайдо шудаанд? Ҳангоми таваҷҷӯҳ ба масъалаи мазкур аз дарсҳои таърих сабақ омӯхта, давраҳои тараққиву таназзул, инқирозу пастравии онро бояд омӯзем. Аз ин ҷиҳат академик М.Шукуров басо хуб фармудааст, ки «вазъи ҳозираи забони адабии тоҷикӣ ва маданияти сухан ҳар яки моро бар он вомедорад, ки зуд-зуд ба таърих нигарем, ба таърихи халқ ва забону фарҳанги худ, ба таърихи халқҳову забонҳои дигар, ба таҷрибаи таърихии дирӯзу имрӯз гаштаву баргашта нигоҳи ибратҷӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё