Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
андозем» (89, с.18). Аз хусуси таърихи ҳамаи нуқсҳои забонамон дар доираи як мақола изҳори андеша намудан аз имкон берун аст. Аз ин рӯ, дар ин ҷо танҳо оид ба таърихи як «ғалат»-и забони тоҷикӣ, замони зуҳури он, давраҳои инкишофаш ва ниҳоят инқироз ёфтани он, вале гоҳ-гоҳе дар саҳифаҳои матбуот, асарҳои бадеиву публисистӣ зуҳур карданаш баҳсе доир кардан мехоҳем. Сухан дар бораи дар шакли ҷамъ омадани иддае аз муайянкунандаҳо вобаста ба шакли ҷамъи муайяншаванда меравад, ки мавриди сарзаниши сухансанҷони мо гардидааст.
Академик М.Шукуров ва профессор Б.Камолиддинов ибораҳои навъи сардорони сеҳҳо, директорони заводҳо, биноҳои кинотеатрҳо, кадрҳои муаллимон ва монанд ба инҳоро нодуруст ҳисобидаанд ва таъкид кардаанд, ки дар ин ҷо «ҷамъбандии исм зарурате надорад, ин ҷо матлаб ро бо лафзи танҳо баён карда сардори сех, директори завод (88, с.261-262), биноҳои кинотеатр» (30, с.63) гуфтан беҳтар буд. Дар байти зерини Муҳаммадҷони Раҳимӣ низ муайяншавандаву муайянкунанда дар шумораи ҷамъ омадаанд:
Мо, ки аз шаҳони манғитон дилпораем,
Ҳар нафас гул мекупад сад пола аз фарёди мо.
Муҳаққиқони номбурда баъдан афзудаанд, ки «як хусусияти забони тоҷикӣ ин аст, ки лафзи ҷамъ дар забони тоҷикӣ нисбатан кам кор фармуда мешавад. Халқи мо дар бисёр мавридҳо бо шакли танҳо баъзе мафҳумҳои ҷамъталабро ҳам ифода намудаанд. Калимаҳое, ки фақат ба шакли ҷамъ кор фармуда мешаванд, дар забони тоҷикӣ қариб нестанд. Бисёр мазмунҳо, ки дар баъзе забонҳои дигар бо ҷамъ баён мешаванд, дар забони тоҷикӣ шакли танҳоро талаб доранд» (88, с.262). Асноду шавоҳиди фаровон баёнгари он аст, ки иддае аз нуқсҳои забони тоҷикӣ таърихи тӯлонӣ дошта, бесабаб пайдо нашудаанд, балки таҳти таъсири омилҳои мухталиф ба забони пиҷгон роҳ ёфта, баъдтар ривоҷ гирифтаанд. Аз ин ҷиҳат ақидаи муҳаққиқоне, ки халалпазир набудани мутуни қадимро таъкид мекунанд, мавриди тааммул бояд қарор гирад. Масалан, Ӯктами Холиқназар менависад, ки «ҳангоме ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё