Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
кас дастнависҳо ва китобҳои чопи то инқилобро мехонад, дар онҳо на хатои имлоӣ ба чашм мерасад, на тарзи баён халалнопазир шудааст» (73, с. 6). Ботилии гуфтаи муҳаққиқи номбурдаро бо як далел исбот метавон кард. Гузаштагони мо — чӣ муаллифони осори энсиклопедӣ, чӣ фарҳангнависон аз хусуси нуқсҳои аҳли адаби асримиёнагӣ баҳсҳо доир кардаанд. Масалан, муҳаққиқи садаи XVIII Воҷидалии Муҷмалӣ дар бахши «Ихлол ва исколи калом», инчунин «Танофури калом» роҷеъ ба ғалатҳое, ки ба таркиби калом дохил гаштаанд, андеша ронда, аз ашъори шуарои қуруни вусто мисол меорад ва забони онҳоро таҳти тозиёнаи танқид қарор медиҳад. Чунончи, ӯ байти зерини Саъдиро:
Ту некӯравиш бош, то бадсигол,
Ба нуқси ту гуфтан наёбад маҷол.
оварда фармудааст, ки «лафзи гуфтан бар лафзи нуқс муқаддам мебоист» (14, с. 139). Ҳамин муаллиф дар ҷои дигар ғалат будани як навиштаи Ҷомиро низ зикр мекунад (14, с. 139).
Луғатнависони мо низ, чунон ки ёдрас шуд, кӯшиши бисёр ба харҷ додаанд, то ки шакли асливу талаффузи саҳеҳ ва тарзи дурусти корбурди онҳо муайян гардонида шавад.
Ҳамон тавре ки дар боло таъкид гардид, дар гузашта як давраи басо кӯтоҳ вобаста ба шакли ҷамъи муайяншаванда корбурди муайянкунандаҳо ба гунаи ҷамъ низ густариш пайдо намуда, баъдан аз байн рафтанд. Чунин тарзи корбурди ибораҳо аз назари муҳаққиқони худиву хориҷӣ пинҳон намондааст. Чунончи, шарқшиноси шаҳири фаронсавӣ Жилбер Лазар қайд менамояд, ки дар «ёдгориҳои давраи аввали инкишофи забони порсии дарӣ мавридҳои корбурди муайянкунанда дар шакли ҷамъ вобаста ба гунаи ҷамъи муайяншаванда ба мушоҳида мерасад» (35, с. 197).
Муҳаққиқони тавонои Эрон Муҳаммад Тақии Баҳор ва Сируси Шамисо низ навиштаанд, ки мутобиқати сифату мансуфро дар адади ҷамъ Табарӣ гоҳе истеъмол кардааст (ниг. 11, с. 77; 84, с. 52).
Забоншиноси дигари Эрон Муҳаммад Ҷаводи Шариат
овардааст, ки «сифат ҳамеша муфрад аст, чи мавсуф ҷамъ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё