Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

муҳоҷирому аскариён ва он касҳо, ки мутобаат кардаанд эшопро ба некӯй, хушнуд шуд Худои аз эшон (67, с.625).

Мавриди таъкид аст, ки дар таркиби ибора дар шакли ҷамъ омадани шумораҳо дар матнҳои монавии порсии миёна низ ба чашм мерасад: сенон апӯшагон «се намирандагон», панҷон андАРЗОН невон «панҷ андАРЗИ хуб». Сабаби чунин тарзи ифода ба мавҷудияти категорияи грамматикии шумораҳо дар он давра вобастааст (ниг.47, с.80).

  1. Мавриди дигари мувофиқати ҷузъҳои ибора вақте ба вуқӯъ омадааст, ки муайяншаванда бо исми ҷомеъ ифода шуда, муайянкунанда аломату хусусиятро ифода намояд. Ва рӯзи седигар бист ҳазор мардумони мухолифони Баҳром аз Мадоин берун шуданд ва рӯй бар Озарбойгон ниҳоданд (66, с.603).

Ғалати будани ин тарзи баён ҳанӯз дар давраи классикӣ аз назари фарҳангнависон пинҳон намоидааст. Чунончи, Сироҷиддин Алихони Орзу ибораи «мардуми равшандилон»-ро таҳлил намуда навиштааст: «Ва ин таркиб андак ғаробат дорад, чи сифати ҷамъ муфрад воқеъ шавад, мисли аспони тезрафтор.» Баъдан байтеро аз Соиб меорад, ки ибораи мазкур дар он омадааст:
Ҷаноби мардуми равшандилону хушҳубӣ, Ба ҷоми шипаву сапчу суфол гарм кунанд...
(46, с. 194)

  1. Гоҳо мувофиқати сифату мавсуф дар мавриде мушоҳида мегардад, ки ҷузъи аввал бо калимаҳои субстантивагаршиуда ифода ёфта, ҷузъи тобеъ бо исм ифода гардад. ...ба қалъат расиданд, ки он далерирони шерон дари қалъат бигшоданд (3, с. 465).

  2. Бояд таъкид намуд, ки иддае аз чунин тарзи ифода дар натиҷаи ғалати нусхабардорон ба вуқӯъ омадааст:
    ...туркмонони салҷуқиён ва ирокиён, ки бад-он ҷо пайвастаанд, даст ба кор задаанд (3, с.497). ...аз туркмонони салҷуқиён бисёр мардум аз об бигузаштанд (3, с.470). Ин ҷо ибора маъное надорад. Аз ин рӯ, ба эҳтимоли қавӣ, таркиби туркмонону салҷуқиён дар натиҷаи иштибоҳи нусхабардорон дар шакли ибора оварда шудааст.

пешина
аз 63
навбатӣ