Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Савол пайдо мешавад, ки чунин тарзи адои матлаб, яъне дар шумора мувофиқ омадани муайянкунанда бо муайяншаванда сарчашмаи худро аз куҷо гирифтааст?

Дар ин масъала иддае аз муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки чунин гунаи баён бо таъсири забони арабӣ ба вуқӯъ омадааст. Масалан, суханшиноси машҳури эронӣ Парвиз Нотили Хонларӣ перомуни ин масъала менависад: «Дар форсии дарӣ низ сифат ҳар гоҳ бо мавсуф ҷамъ зикр шавад, қоидаи куллии он аст, ки муфрад оварда шавад... Гоҳе дар мутуни ин давра сифат ба мутобиқати мавсуф бар хилофи қиёс ба сиғаи ҷамъ меояд ва ин мутобиқат гоҳе дар калимоти форсӣ аст ва гоҳе дар калимоти арабӣ, ки ба қоидаи он забон дар форсӣ ба сиғаи ҷамъ ба кор рафтааст (таъкиди мо Ҳ.А.)» (79, с.174). Шояд ин тазаккури муҳаққиқи ёдшуда дуруст бошад, зеро дар забони арабӣ қоидае вуҷуд дорад, ки дар сурати шакли ҷамъ доштани муайяншаванда (сифат) ҷузъи тобеи он низ (мавсуф) (дар сурати аз хусуси исмҳои шахс сухан рафтанаш) ба гунаи ҷамъ меояд.

Дар маводи гирдовардаи мо мавридҳои дар шакли ҷамъи шикастаи арабӣ омадани сифату мавсуф низ ба назар мерасанд: Ва он ақоқиси наводире аст, биёрам дар ин боб худ муфрад, ки ваъда кардам (3, с.468). Ва дигар аз аҷоиб, ки андар вақти мулуки тавоиф буд, яке қиссаи Шамсуни обил аст (66, с.458).

Дар мутуни асримиёнагӣ мавридҳои дар шакли ҷамъи шикастаи арабӣ омадани муайяншаванда, вале ба гунаи тоҷикӣ шакли ҷамъ гирифтани муайянкунанда низ ба мушоҳида мерасад: Ва худ берун омад ва куффори нигаҳбонон ба дару бом баргумоштанд (42, с.241).

Аз мисолҳои ёдшуда чунин бармеояд, ки хусусияти мазкур асосан ба забони насри асрҳои X-XII хос будааст, зеро «Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ», «Тафсири «Қуръони пок», «Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ»», «Таърихи Байҳақӣ», «Муҷмал-ут-таворих ва-л-қисас» аз ҷумлаи маъхазҳосанд, ки дар ҳудуди садаҳои X-XII таълиф гаштаанд. Ҳодисаи мазкур дар забони назми ин давра низ гоҳ-гоҳ дида мешавад.

пешина
аз 63
навбатӣ